Р.Зойиров ба шаффоф баргузор шудани интихоботи президентӣ бовар надорад (садо)

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров аслан бовар надорад, ки интихоботи президентии соли 2013 шаффоф ва демократӣ хоҳад гузашт. Дар ин бора мавсуф дар сӯҳбати телефонӣ  ба ИО «Азия-Плюс» ҳангоми баррасии пешбарии номзадиаш дар маъракаи интихоботӣ таъкид дошт. Зойиров ҳангоми баҳогузории воқеии имкониятҳои худ дар интихоботи президентӣ гуфт, ки имрӯз имкониятҳояш ба худи ӯ вобаста […]

Маҳпора Киромова


Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров аслан бовар надорад, ки интихоботи президентии соли 2013 шаффоф ва демократӣ хоҳад гузашт.

Дар ин бора мавсуф дар сӯҳбати телефонӣ  ба ИО «Азия-Плюс» ҳангоми баррасии пешбарии номзадиаш дар маъракаи интихоботӣ таъкид дошт.

Зойиров ҳангоми баҳогузории воқеии имкониятҳои худ дар интихоботи президентӣ гуфт, ки имрӯз имкониятҳояш ба худи ӯ вобаста нестанд, чунки ҳукумат ва Ҳизби халқӣ-демократӣ ҳокимиятро ғасб кардаанд.

Ба гуфтаи Зойиров, дар ҳар сурат ӯ азми ширкат варзиданро дар интихобот дорад. Ӯ таъкид дошт, ки агар дар рафти маъракаи интихоботӣ ҳадди ақал мардум аз бедории неруҳои демократӣ бархӯрдор шаванд ва ба дарки тарзи воқеии баргузории интихоботи президентӣ раванд, ӯ аллакай худро пирӯз ҳисоб мекунад.

Зойиров ҳамчунон илова кард, ки аз 1-уми июли соли ҷорӣ сомонаи Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ мекунад ва дар он муҳокимаи идея ва ақидаҳои номзад аз ҳизби мазкур баррасӣ хоханд шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.