Хатлон: Ҳукм ба собиқ сардори ОБНОН бетағйир боқӣ монд

Суди вилояти Хатлон ҳукми суди шаҳри Қӯрғонтеппа нисбати собиқ сардори Шуъбаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир (ОБНОН)-и ШВКД шаҳри Қӯрғонтеппа Шодибек Султоновро бетағйир боқӣ монд. Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи апрели соли равон суди шаҳри Қӯрғонтеппа таҳти раёсати судя Дурандеш Иброҳимов маҳкумшударо дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 316, қ. 4 ((Баромадан аз ҳадди […]

Сайраҳмон Назриев


Суди вилояти Хатлон ҳукми суди шаҳри Қӯрғонтеппа нисбати собиқ сардори Шуъбаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир (ОБНОН)-и ШВКД шаҳри Қӯрғонтеппа Шодибек Султоновро бетағйир боқӣ монд.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи апрели соли равон суди шаҳри Қӯрғонтеппа таҳти раёсати судя Дурандеш Иброҳимов маҳкумшударо дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 316, қ. 4 ((Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) ва 250, қ. 4 (Тамаъҷӯӣ) гунаҳкор дониста, ба 16 соли зиндон маҳкум намуд.

Адвокати ҷониби ҷабрдида Акбар Ҳасанов зикр кард, ки дар маҷмӯъ ӯ бо ҳукми суд мувофиқ буда, нияти аз болои он шикоят бурданро надорад. Дар навбати худ, аз ҳукми суд адвокати маҳкумшуда Барот Беков розӣ нест. Дар суҳбати телефонӣ ӯ изҳор намуд, ки ӯ ва зерҳимояаш ба ҳукм розӣ нестанд ва пас аз дастрас шудан нусхаи ҳукм, аз болои он шикоят хоҳанд бурд.

Шодибек Султонов моҳи ноябри соли гузашта аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон боздошт шуда буд. Нахуст ӯ дар баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва ғоратгарӣ айбдор дониста мешуд, амммо баъдтар суд моддаи «ғоратгарӣ»-ро ба «тамаъҷӯӣ» иваз намуд.

Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ муайян карда шудааст, ки ӯ ҳамроҳи ду нафар кормандони дигари милиса ва як шаҳрванди қаторӣ се нафар муҳоҷирони кории ба ватан баргаштаро боздошт намуда, онҳоро ба дуздӣ айбдор ва барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб накардан аз онҳо 350 ҳазор евро тамаъҷӯӣ кардаанд.

Се нафари ҳамроҳи Султонов, ки ҳангоми содир шудани ҳукм нисбати Шодибек Султонов мавриди ҷустуҷӯ қарор доштанд, боздошт шуда, нисбати онҳо тафтиш идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.