Баррасии мушкилоти афроди имконияташон маҳдуд дар Кӯлоб

Имрӯз дар Кӯлоб таҳти унвони «Рушди ҳамкориҳои байнисоҳавӣ дар пешгирии маъюбӣ» конфронси умумиҷумҳуриявӣ баргузор шуд. Конфронс аз ҷониби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, комиссияи тиббӣ-меҳнатии коршиносӣ ва институти ташхис ва барқароркунии коршоямии маъюбон созмон дода шуд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» созмондиҳандагони конфронс хабар доданд, айни замон дар ҷумҳурӣ ҳудуди 180 ҳзор […]

Турко Дикаев


Имрӯз дар Кӯлоб таҳти унвони «Рушди ҳамкориҳои байнисоҳавӣ дар пешгирии маъюбӣ» конфронси умумиҷумҳуриявӣ баргузор шуд. Конфронс аз ҷониби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, комиссияи тиббӣ-меҳнатии коршиносӣ ва институти ташхис ва барқароркунии коршоямии маъюбон созмон дода шуд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» созмондиҳандагони конфронс хабар доданд, айни замон дар ҷумҳурӣ ҳудуди 180 ҳзор нафар маъюбон ба қайд гирифта шуда, беш аз 30 ҳазор нафари онҳо кӯдакон мебошанд. Ба қавли ҳамсуҳбатон, қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» хуб таҳия шуда, аммо дар амалисозии қонунҳои бевосита ба маъюбон дахлдошта мушкилот вуҷуд дорад.

Масалан, мувофиқи Кодекси меҳнати Тоҷикистон, давомнокии рӯзи корӣ барои маъюбон набояд аз 6 соат зиёдтар бошад ва онҳо баробар бо коргарони солиме, ки дар як рӯз 8 соат фаъолият доранд, музди меҳнат мегиранд. Гузашта аз ин, барои ин гурӯҳи шахсон бояд таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, шароитҳои муосиди фаъолият муҳайё карда шаванд, ки дар ин робита корфармо кӯшиш мекунад, ки ин гуна афродро ба кор қабул накунад.

«Барои иштироки фаъолонаи маъюбон дар ҳаёти ҷомеа, зерсохтори зарурӣ мебояд бунёд кард ва баъзан миёни идораҳои танзимкунандаи масоили ҳаёт ва фаъолияти маъюбон нофаҳмиҳо ба вуҷуд меоянд, ки ҷиҳати ҳалли фаврии мушкилоти онҳо монеъа эҷод месозад», – зикр карданд иштирокдорони конфронс.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.