Мовароуннаҳр» «Ориёнбонк»-ро ба суд доданист

Агар ҶСК «Ориёнбонк» ба пардохти қарзи чанде қабл зиёдшуда дар ҳаҷми 4 млн. 990 ҳазор сомонӣ исрор варзад, ширкати «Мовароууннаҳр» ба суд муроҷиат мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи ваколатдори саҳҳомони ҶДММ «Мовароуннаҳр» Бузургмеҳр Ёров хабар дод, ширкат ба унвони бонк мактуби расмӣ фиристода, ишора намудааст, ки маблағи воқеъии қарзи ширкат дар назди бонк ҳамагӣ […]

Маҳпора Киромова


Агар ҶСК «Ориёнбонк» ба пардохти қарзи чанде қабл зиёдшуда дар ҳаҷми

4 млн. 990 ҳазор сомонӣ

исрор варзад, ширкати «Мовароууннаҳр» ба суд муроҷиат мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи ваколатдори саҳҳомони ҶДММ «Мовароуннаҳр» Бузургмеҳр Ёров хабар дод, ширкат ба унвони бонк мактуби расмӣ фиристода, ишора намудааст, ки маблағи воқеъии қарзи ширкат дар назди бонк ҳамагӣ 2 млн. 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

«Албатта, мо аз эҳтимол дур намедонем, ки қарз аз ҳисоби фоизҳои солона афзоиш ёфта бошад, аммо ҳаминро яқинан гуфта метавонам, ки ширкат ба бонк 4 млн. 990 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт карланӣ нест, зеро чунин маблағ надорад. Мо ба бонк маблағи қарзи воқеъии худ – 2 млн. 400 ҳазор сомониро баргардониданием ва аз ин рӯ, бо мактуб ба бонк муроҷиат намуда, дубора мавриди омӯзиш қарор додани ин вазъи ногуворро пешниҳод кардем», – иброз дошт Ёров.

Номбурда афзуд, рӯзҳои наздик бояд ба ширкат посухи бонк бирасад ва агар бонк пешниҳоди ширкатро рад карда, пардохти 4 млн. 990 ҳазор сомониро талаб кунад, ширкат ҳатман ба суд муроҷиат хоҳад кард.

Ба қавли қавли ӯ, «Ориёнбонк» ба талаб кардани пардохти фоизҳо ҳуқуқ надорад, зеро пас аз боздошти Охунов иншооти ширкат аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ таҳти ҳабс қарор дода шуда, ҳамчунин анҷом додани ягон муомилот бо амвол манъ гардида буд. Аз ин рӯ, аз ҳисоби фурӯши иншоот ширкат ба бонк қарзро баргардонида наметавонист.

Дар ҳамин ҳол, дар «Ориёнбонк» аз шарҳи чӣ гуна афзудани қарзи ширкати «Мовароуннаҳр» ва нияти фурӯхтани амволи дар ихтиёри бонк будаи ширкат худдорӣ карданд. Айни замон як қароргоҳи ширкат бо техникаи зиёди сохтмонӣ, таҷҳизоти истеҳсоли бетон ва майдони сохтмони 19,2 гектар дар ихтиёри бонк қарор дорад.   

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.