Санҷиши вазъи маблағгузорӣ ба китобхонаҳо дар парлумон

Зимни музокироти парлумонии имрӯза дар МНМО ҶТ ҷараёни иҷрои қарори моҳи июли соли 2005-ум қабулшудаи ҳукумат «Дар бораи маблағгузории буҷетӣ ба китобхонаҳои ҷумҳуриявӣ барои солҳои 2006-2015» баррасӣ шуд. Дар кори музокироти парлумонӣ таҳти раёсати раиси МНМО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров дар қаттори вакилони палатаи поёнии парлумон ҳамчунин намоянлагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар низ ширкат варзиданд. Зимни […]

Аваз Юлдошев


Зимни музокироти парлумонии имрӯза дар МНМО ҶТ ҷараёни иҷрои қарори моҳи июли соли 2005-ум қабулшудаи ҳукумат «Дар бораи маблағгузории буҷетӣ ба китобхонаҳои ҷумҳуриявӣ барои солҳои 2006-2015» баррасӣ шуд.

Дар кори музокироти парлумонӣ таҳти раёсати раиси МНМО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров дар қаттори вакилони палатаи поёнии парлумон ҳамчунин намоянлагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар низ ширкат варзиданд.

Зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала раиси Кумитаи МНМО ҶТ оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Марҳабо Ҷабборова зикр намуд, ки тайи давраи сипаришуда дар доираи амалисозии қарори зикршудаи ҳукумат бо мақсади таҳкими заминаи моддиву техникии китобхонаҳо аз буҷети давлатӣ беш аз 1 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардида, 59 китобхонаҳо дар саросари ҷумҳурӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуданд ва шумори китобхонаҳо барои кӯдакон аз 64 то ба 72 адад расонида шуд.

Раиси Кумитаи парлумон ҳамзамон таъкид дошт, ки сарфи назар аз чорахои андешида, айни замон ҳолати аксари китобхонахои кишвар ғайриқаноатбахш боқӣ мемонад. «Аз ҷумла, дар вилояти Суғд – 116, Хатлон – 145, ВМКБ – 49 ва навоҳии тобеи марказ – 109 китобхонаҳо ба таъмир ниёз дошта, чанде аз онҳо дар ҳолати садамавӣ қарор доранд», – иброз дошт ӯ.

М. Ҷабборова ҳамчунин ба камбудиҳои ҷиддии ҷойдошта дар кори азнавсозии фондҳои асару дигар маводи китобхонаҳо ва норасоии кадрҳо дар ин бахш ишора кард. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.