Суғд: Ҳалокати 4 нафар дар садамаи нақлиёт

Бар асари як садамаи нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ чор нафар ба ҳалокат расиданд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл ҳангоми ҳаракат дар километри 316-уми роҳи мошингарди мазкур ронандаи автомашинаи тағаи «Опел_Астра» Бахтиёр Алиеви 26-сола аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили […]

Мавлуда Рафиева


Бар асари як садамаи нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ чор нафар ба ҳалокат расиданд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл ҳангоми ҳаракат дар километри 316-уми роҳи мошингарди мазкур ронандаи автомашинаи тағаи «Опел_Астра» Бахтиёр Алиеви 26-сола аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракат мебарояд. «Дар натиҷа автомашинаи ӯ ба автомашинаи ҳамин тамға таҳти идораи Заррина Ҳакимоваи 36-сола бармехӯрад», – гуфтанд дар Раёсати ВКД.

Ба иттилои манбаъ, бар асари бархӯрди автомашинаҳо ронандагон ва ду мусофири дохили воситаҳои нақлиёт дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба маълумоти Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи 5 моҳи соли равон дар роҳҳои мошингарди минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 114 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли гузашта – 95 ҳодиса) ба қайд гирифта шудаанд, ки бар асари он 45 нафар (5 моҳи соли 2012 – 46 нафар) ҳалок ва 119 нафар (5 моҳи соли 2012 – 96 нафар) ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.