Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Кувайт дар Алкувайт

Дар шаҳри Алкувайт-пойтахти Давлати Кувайт президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Кувайт, ки бо иштироки зиёда аз 150 нафар аз ду ҷониб баргузор гардид, ташриф оварда, суханронӣ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз ҷониби роҳбарияти Давлати Кувайт дар форум Сармушовири Девони Амир Абдулло Алмаътук ва Муовини аввали раиси Палатаи савдо […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Алкувайт-пойтахти Давлати Кувайт президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Кувайт, ки бо иштироки зиёда аз 150 нафар аз ду ҷониб баргузор гардид, ташриф оварда, суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз ҷониби роҳбарияти Давлати Кувайт дар форум Сармушовири Девони Амир Абдулло Алмаътук ва Муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноат Холид Абдулло Ассақр иштирок намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ, аз ҷумла изҳор дошт: «бояд эътироф намуд, ки сатҳ ва мазмуни ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва раванди сармоягузорӣ ба имконоту ниёзҳои имрӯзӣ ва манфиатҳои миллии ду кишвар ҳанӯз ҷавобгӯй нест ва мо бояд сатҳ ва мазмуни сифатан нави ҳамкории дуҷонибаи гуногунсоҳаро эҷод намоем».

Президенти кишвар имконоти васею мусоиди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ба иқтисодиёти рӯй ба рушди Тоҷҷикистонро бевосита муаррифӣ намуда, соҳибкорону сармоягузорони бонуфузи кувайтиро ба роҳандозии робитаҳои судбахш бо кишвари мо ташвиқ намуд.

Аз соҳибкорони кувайтӣ даъват карда шуд, ки ба Тоҷикистон дастаҷамъона сафар карда, бо имконоту шароити ҳамкорӣ бевосита шинос шаванд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки баъди шиносоии наздик бо табиати биҳиштосо ва имконоти фарохи ҳамкорӣ дар дили ҳар як соҳибкори кувайтӣ хоҳиши ба роҳ мондани робитаҳои судбахш бештар мегардад.

Дар охири қисмати ифтитоҳии форум миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон протоколи ҳамкорӣ ба имзо расид. Тавофуқоти зиёди дигар миёни соҳибкорону тоҷирони ду кишвар ҳосил гардид.

Тавре аён гардид, соҳибкорону сармоягузорони кувайтӣ ба соҳаҳои гидроэнегетика, кишоварзӣ, саноати кӯҳӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.