Вазири мудофиаи ҷумҳурӣ ба Бишкек раҳсипор шуд

Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев ҷиҳати иштирок дар машварати навбатии вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки пагоҳ, 26-уми июн доир мегардад, ба пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек раҳсипор шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни сафари Шералӣ […]

Аваз Юлдошев


Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев ҷиҳати иштирок дар машварати навбатии вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки пагоҳ, 26-уми июн доир мегардад, ба пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек раҳсипор шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни сафари Шералӣ Хайруллоев ба Бишкек ҳамчунин баргузории як қатор мулоқоту гуфтушунидҳои дуҷониба низ дар назар аст.

Бино ба маълумоти ВАО-и Қирғизистон, дар машварат вазирони мудофиаи Қазоқистон – Адилбек Ҷаксибеков, Чин – Чан Вансюан, Русия – Сергей Шойгу, Тоҷикистон – Шералӣ Хайруллоев ва муовини аввали вазири мудофиаи Ӯзбекистон – Шавкат Норматов ширкат меварзанд.

Гуфта мешавад, дар чорабинии мазкур дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Дмитрий Мезенсев ва мудири Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зидиитерррористии СҲШ Чжан Синфен низ иштирок хоҳанд кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.