Муаррифии китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар Кувайт

Шоми рӯзи 24 июн дар толори бузурги меҳмонхонаи Шератони шаҳри Алкувайт бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳайати расмии Тоҷикистон ва шумораи зиёди алоқамандони таъриху фарҳанги миллати бостонии тоҷик маросими муаррифии китоби арзишманди таърихии сарвари давлат «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба забони арабӣ баргузор гардид. Бино ба иттили хадамоти матбуоти сарвари давлат, муаллифи китоби «Тоҷикон […]

ASIA-Plus


Шоми рӯзи 24 июн дар толори бузурги меҳмонхонаи Шератони шаҳри Алкувайт бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳайати расмии Тоҷикистон ва шумораи зиёди алоқамандони таъриху фарҳанги миллати бостонии тоҷик маросими муаррифии китоби арзишманди таърихии сарвари давлат «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба забони арабӣ баргузор гардид.

Бино ба иттили хадамоти матбуоти сарвари давлат, муаллифи китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих», сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози маросим суханронӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт: “Ба иншои китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» даст заданам, тасодуф набуда, амри ногузири даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Дар ин даврони нав мо роҳи худшиносӣ ва эҳёи халқамонро пазируфта, ба мероси гузашта чун манбаи зиёбахши бунёди ҷомеаи нав ва ваҳдати мардуми кишварамон эҳтиром мегузорем”.

Президенти Тоҷикистон ба забони арабӣ тарҷума ва чоп шудани чор ҷилди ин китобро “рӯйдоди муҳим дар ҷодаи густариши робитаҳои судманди илмиву фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои араб” номида, ба мутарҷимон ва ноширони он арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

Сипас вазири иттилооти Давлати Кувайт, сармушовири Девони Амир доктор Абдулло ал Маътук сухан гуфта, дастраси мардуми арабзабон гардидани ин китоби пурмуҳтаворо рӯйдоди пурарзиш номид.

Муовини вазири авқофи Давлати Кувайт Одил Абдулло ал Фаллоҳ зимни суханронии худ, аз ҷумла ёдовар шуд, ки тоҷикон қадимтарин мардуми муқими Осиёи Марказӣ буда, фарзандони фарзонаи он дар ташаккул ва рушди тамаддуни инсонӣ ва исломӣ дар ин минтақа ва кулли ҷаҳон нақши намоён гузоштаанд.

Дар маросими муаррифии китоби Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин декани факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Кувайт Абдулҳодӣ Алаҷмӣ суханронӣ карда, нақши таърихии ин китобро басо баланд арзёбӣ кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.