Таҷлили Рӯзи байнулмилалии қурбониёни шиканҷа

Дар остонаи Рӯзи байнулмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа Ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонунияти ҶТ» бо мусоидати Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон Amnesty International иқдомотеро таҳти унвони «Нест бод шиканҷа!» баргузор мекунад. Чӣ тавре ки аз Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон хабар доданд, дар доираи иқдомот намоишгоҳи аксҳо доир мегардад, ки дар […]

ASIA-Plus


Дар остонаи Рӯзи байнулмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа Ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонунияти ҶТ» бо мусоидати Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон Amnesty International иқдомотеро таҳти унвони «Нест бод шиканҷа!» баргузор мекунад.

Чӣ тавре ки аз Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон хабар доданд, дар доираи иқдомот намоишгоҳи аксҳо доир мегардад, ки дар он 9 саргузашти воқеӣ инъикоси худро меёбад. Асоси 6 саргузаштро парвандаҳои пурсарусадои Ҳамзаалӣ Икромзода, Хуршед Бобокалонов, Баҳромиддин Шодиев, Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бачаҷонов ва Дилшодбек Муродов ташкил медиҳад, ки зимни боздошт ё дар маҳбас ба ҳалокат расиданд.

Се саргузашти дигарро шарикони Идора аз Қирғизистону Қазоқистон ва Туркманистон ирсол доштанд, ки қазияҳои мушобеҳро инъикос месозанд.

Намоишгоҳи аксҳо ба мардонагиву матонати хешовандони қурбониёне, ки бар асари шиканҷа ва муносибати бераҳмона фавтидаанд, бахшида шудааст. Сарфи назар аз монеаҳову интизориҳои зиёд, онҳо ба адолат бовар доранд ва саъй меварзанд, ки шахсони гунаҳкор ҷазои қонунӣ гиранд.

Бахши дигари иқдомот муаррифии китоби мустанади «Тақдирҳои шикаста, зиндагиҳои рабуда» («Сломанные судьбы, отнятые жизни») мебошад, ки дар бораи 8 қазияи воқеии қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон ҳикоят мекунад. Китоб фарогири хотираҳои хешовандони қурбониён дар бораи писар ё шавҳарашон мебошад, ки мавриди зӯроварию худсарии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор гирифтаанд. Маҷмӯаи мазкур ба се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр гардидааст.

Ба ин чорабинӣ, ки дар арафаи Рӯзи байнулмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа доир мешавад, созмонҳое низ пайвастанд, ки шомили Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон мебошанд. Намоишгоҳ дар толори маркази тиҷоратии «Вефа» гузаронида шуда, зимнан 2 ҳуқуқшиноси Эътилоф оид ба масоили пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона машварати ҳуқуқии ройгон медиҳанд.

Рӯзи байнулмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа соли 1997 аз ҷониби Маҷмаи Кулли СММ таъсис дода шуд. Мутобиқи Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, ҳамчунин дигар санадҳои байнулмилалие, ки Тоҷикистон пазируфтааст, шиканҷа дарду азоби ҷисмонӣ ё маънавие мебошад, ки намояндагони мақомоти давлатӣ нисбат ба шаҳрвандон барои ба даст овардани иқроршавӣ раво дидаанд.

Чорабинӣ имрӯз, 25-уми июн, соати 17:00 дар толори ҷаласоти маркази тиҷоратии «Вефа» оғоз мегардад. Вуруд озод аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.