Давраи омӯзишӣ оид ба иҷрои талаботи СТҶ

Давраи омӯзишии дурӯза дар мавзӯъи «Созишномаи Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) доир ба чораҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ (СФС): Дар заминаи тиҷорат» имрӯз, 25-уми июни соли 2013 дар шаҳри Душанбе оғоз шуд. Тавре Саидмӯъмин Камолов, раҳбари миллии барномаи Маркази байнулмилалии тиҷорат хабар дод, давраи омӯзишии мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Иҷрои талаботи СТҶ ва огоҳии доираҳои тиҷоратӣ аз […]

ASIA-Plus


Давраи омӯзишии дурӯза дар мавзӯъи «Созишномаи Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) доир ба чораҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ (СФС): Дар заминаи тиҷорат» имрӯз, 25-уми июни соли 2013 дар шаҳри Душанбе оғоз шуд.

Тавре Саидмӯъмин Камолов, раҳбари миллии барномаи Маркази байнулмилалии тиҷорат хабар дод, давраи омӯзишии мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Иҷрои талаботи СТҶ ва огоҳии доираҳои тиҷоратӣ аз шароити узвият ба он» баргузор мегардад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад ва онро Маркази тиҷорати байнулмилалӣ амалӣ менамояд.

Дар ин чорабинӣ мушовирони байнулмилалии МТБ Шиям Кумар Гуҷадур ва Эдил Калашев намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва доираҳои тиҷоратии Тоҷикистонро бо Созишномаи СТҶ доир ба СФС шинос хоҳанд кард. Ҷаноби Гуҷадур мегӯяд, ҳадафи асосии давраи омӯзишии мазкур «боло бурдани сатҳи огоҳии намояндагони бахши хусусӣ ва ниҳодҳои давлатӣ аз чораҳои СТҶ ҷиҳати тарғиби тиҷорати озод ва одилона дар сатҳи байнулмилалӣ мебошад. Ҳамчунин, иштироккунандагон аз тадбирҳои СТҶ дар коҳиш додани чораҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ, ки боиси монеагузории беасос ва бемаврид мегардад, огаҳ хоҳанд шуд. Ҳамаи ин иқдомҳо дар Созишномаи СТҶ доир ба СФС расман ворид шудаанд ва мавзӯъи асосии сӯҳбатҳо дар давраи омӯзишӣ низ ҳамин хоҳад буд. Иштироккунандагони давраи омӯзишӣ ҳамчунин роҳҳои ҳамкорӣ бо истифода аз Созишномаи СТҶ ҷиҳати дастрасӣ ба бозорҳои содиротиро баҳс хоҳанд кард».

Иштирокдорони ин давраи омӯзишӣ бо асосҳо ва қоидаҳои бунёдии Созишномаи СТҶ доир ба СФС, созмонҳое, ки дар мувофиқа бо ин Созишнома меъёрҳои байнулмилалӣ таҳия мекунанд, истифодаи амалии Созишнома ва мавзӯъҳои дигар шинос хоҳанд шуд.

Соли гузашта дар чаҳорчӯбаи ҳамин лоиҳаи МТБ як давраи омӯзишӣ дар мавзӯъи Созишномаи СТҶ доир ба монеаҳои техникӣ дар тиҷорат (ТБТ) барои бахши хусусӣ ва ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон баргузор шуда буд ва имрӯз, дар давраи омӯзишии нав бо тафовутҳои миёни чораҳои марбут ба СФС ва чораҳои марбут ба ТБТ ошноӣ пайдо хоҳанд кард.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи феълии худ ба бахши хусусии Тоҷикистон ҷиҳати огаҳии бештар аз имкониятҳо ва чолишҳои узвият дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат менамояд. Лоиҳа аз ислоҳот дар соҳаҳои саноати кишоварзӣ, нассоҷӣ, ироаи хадамоти моливу мухобиротӣ ва нақлиётиву энержӣ пуштибонӣ мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.