Омодагии Кувайт ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ дар Тоҷикистон

Дар ҷараёни сафар ба Давлати Кувайт президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Бунёди кувайтии рушди иқтисодии араб Абдулваҳҳоб ал Бадрро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттили хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявӣ баррасӣ шуд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки аз маблағҳои қарзи имтиёзноки байналмилалии барои навсозии роҳи мошингарди […]

ASIA-Plus


Дар ҷараёни сафар ба Давлати Кувайт президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Бунёди кувайтии рушди иқтисодии араб Абдулваҳҳоб ал Бадрро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттили хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявӣ баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки аз маблағҳои қарзи имтиёзноки байналмилалии барои навсозии роҳи мошингарди Кӯлоб-Дарвоз ҷалбгардида 17 миллион доллараш саҳми Бунёди кувайтии рушди иқтисодии араб мебошад.

Доир ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, роҳсозӣ, саноати кӯҳӣ, саноати сабуку хӯрокворӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ғайра гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Абдулваҳҳоб ал Бадр омодагии Бунёди кувайтии рушди иқтисодии арабро, аз ҷумла ба сармоягузории лоиҳаи навсозии нақби обпартои нерӯгоҳи Бойғозӣ ва сохтмони нерӯгоҳҳои нави Шӯроб, Нуробод 1, Нуробод 2 ва дигар лоиҳаҳои зербиноӣ таъкид дошт.

Хотиррасон бояд намуд, ки маблағгузории аксари ин лоиҳаҳо ба тариқи грантӣ сурат хоҳад гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.