Назари коршинос ба Созишнома бо Кувайт дар бахши тандурустӣ

Дар ҷараёни сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт миёни кишварҳо оид ба ҳамкорӣ дар бахши тандурустӣ Созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо расид. Зимни суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сармутахассиси шуъбаи байнулмилалии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Дилафрӯз Ғоибова дар ин робита гуфт, созишномаи мазкур аз 12 банд иборат буда, ҷараёни амалишавии он таҳти назорати комиссияи байниҳукуматӣ […]

Маҳпора Киромова


Дар ҷараёни сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт миёни кишварҳо оид ба ҳамкорӣ дар бахши тандурустӣ Созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо расид.

Зимни суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сармутахассиси шуъбаи байнулмилалии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Дилафрӯз Ғоибова дар ин робита гуфт, созишномаи мазкур аз 12 банд иборат буда, ҷараёни амалишавии он таҳти назорати комиссияи байниҳукуматӣ қарор хоҳад гирифт.

«Дар созишнома ҳамкориҳои дуҷониба дар беҳбуди расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ ва муоинаи тиббӣ, низоми воридоту содироти доруворӣ ва таҷҳизоти зарурии тиббӣ, табодули маълумот дар соҳаи тандурустӣ, таъмини дуҷонибаи назорати санитарӣ-эпидемиологӣ, дастгирӣ дар бахши такмили ихтисоси кормандони тиббӣ ва табодули таҷрибаву дониш миёни донишҷӯёну олимони кишварҳо таъкид шудааст», – гуфт Ғоибова.

Номбурда мутмаин аст, ки амалисозии созишнома ба низоми тандурустӣ дар Тоҷикистон таъсири мусбат мерасонад, зеро табодули таҷриба ва имкони дастрасии таҷҳизоти муосир барои муоина, ба таври қобили мулоҳиза ба сифати хизматгузориҳои тиббӣ дар Тоҷикистон беҳбуд хоҳад бахшид.

Ба гуфтаи коршинос, тӯли солҳои истиқлолият ҳукумати Тоҷикистон бо кишварҳои гуногун, аз қабили Украина, Белорус, Афғонистон, Эрон, Яман ва ғайра 50 созишномаҳои ба ин монанд ба имзо расонидааст.

«Ҳамчунин лоиҳаҳои чунин созишномаҳои байниҳукуматӣ ба Русия, Корея, Қазоқистон, Қирғизистон, Лаҳистон ва Қатар низ пешниҳод шудаанд», – иброз дошт Ғоибова.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.