Пармакунии чоҳи «Шаҳринав-1п» то нуқтаи ниҳоӣ расид

Ширкати Gazprom International корҳои пармакунӣ дар чоҳи «Шаҳринав-1п»-ро, ки дар майдони нафтугаздори Сариқамиш дар Тоҷикистон воқеъ аст, ба нуқтаи ниҳоӣ – 6300 метр расонид. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии ширкати Gazprom International хабар доданд, айни замон дар чуқурии лоиҳавӣ корҳо идома дошта, қишрҳои сеномании таҳнишинҳои бӯрдор гузашта шудаанд, ки беш аз 100 […]

Заррина Эргашева


Ширкати Gazprom International корҳои пармакунӣ дар чоҳи «Шаҳринав-1п»-ро, ки дар майдони нафтугаздори Сариқамиш дар Тоҷикистон воқеъ аст, ба нуқтаи ниҳоӣ – 6300 метр расонид.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии ширкати Gazprom International хабар доданд, айни замон дар чуқурии лоиҳавӣ корҳо идома дошта, қишрҳои сеномании таҳнишинҳои бӯрдор гузашта шудаанд, ки беш аз 100 миллион сол қабл ташаккул ёфта, дар онҳо корҳои геофизикӣ анҷом дода мешаванд.

«Дар пастхамии Тоҷикистону Афғонистон, ки ин сохтор мавҷуд аст, таҳнишинҳои ин синнусоли бӯрдор дар чунин шароит бори нахуст парма шуданд», – гуфтанд дар ширкат.

Ба иттилои манбаъ, ин рекорди нави мутлақи пармакунии чуқурӣ ба ин ҳадд дар таърихи пармакунии чоҳҳои нафту газ дар Осиёи Марказӣ мебошад. То имрӯз чоҳи нафти пастхамии Фарғона дар шимоли Ӯзбекистон (6112 метр) чуқуртарин чоҳ дар минтақа маҳсуб меёфт. Чоҳи чуқуртарини нафту газ дар Тоҷикистон «Каратау-1» (6101 метр) дар ҷануби ҷумҳурӣ мебошад, ки соли 1991 парма шудааст.

«Маълумоти геологии дастрасшуда дар ҷараёни пармакунии чоҳи Шаҳринав хеле муҳим буда, ба арзёбии таҳшинҳои ошкоршуда ва омӯзиши минбаъдаи иншооти ба ин монанд дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигар имкон фароҳам меоврад», – зикр карданд мутахассисони ширкат.

Ширкати «Газпром» барои баргузор намудани таҳқиқоти захираҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон ду иҷозатнома (майдонҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ) дорад.

Ёдрас мекунем, ки ширкати русиягии Gazprom International 7-уми декабри соли 2010 ба корҳои пармакунии чоҳи «Шаҳринав-1п» оғоз карда, анҷоми корҳо ахири соли 2012 тарҳрезӣ шуда буд, вале бинобар сабаби пайдо гардидани баъзе мушкилот дар ҷараёни кор вақти бештаре лозим шуд.

Захираҳои пешакии газ дар минтақаи нафтугаздори Сариқамиш 18 млрд. метри мукааб, захираҳои нафт – 17 млн. тонна ва гази омехта дар нафт – 2 млрд. метри мукааб арзёбӣ мешаванд. Чуқурии лоиҳавии чоҳи «Шаҳринав-1п» 6 300 метрро ташкил медиҳад, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ чуқуртарин чоҳи пармакунанда маҳсуб меёбад.

Ҳамкории ҶСК «Газпром» ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2008 мутобиқи Созишнома дар бораи усулҳои умумии баргузории омӯзиши геологии захираҳо дар майдонҳои нафтугаздори Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Қобили зикр аст, ки талаботи Тоҷикистон ба гази табиӣ ҳудуди 1,2 млрд. метри мукааб дар як солро ташкил медиҳад. Аз рӯи натиҷаҳо соли 2012 дар Тоҷикистон 1,8 млн. метри мукааб газ истихроҷ шудааст.

Аввали моҳи феврал иттилоъ дода будем, ки корҳои пармакунӣ дар чоҳи ҷустуҷӯии «Шаҳринав-1п»-и майдони нафтугаздори Сариқамиш

ба марҳилаи ниҳоӣ расиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.