Имрӯз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон нахустин мактаби инноватсионии ронандагиро дар шаҳри Қӯрғонтеппа мавриди истифода қарор дод.
Бино ба иттилои маркази матубуотии раиси вилояти Хатлон, ин мактаби нави замонавии ронандагӣ хусусӣ буда, онро соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи беш аз 5 миллион сомонӣ бунёд кардаанд.
Роҳбари давлат аз сохтмони чунин як мактаби замонавӣ изҳори қаноатмандӣ карда, иброз доштааст, ки боз як бинои таълимии иловагӣ сохта шавад ва таҳсилро дар ду баст ташкил намоянд, то хоҳишмандон тавонанд соҳиби касби ронандагӣ шаванд.
Синфхонаҳои таълимӣ ва майдончаи машқи ин марказ бо таҳҷизоти электронӣ таъмин гардида, тамоми фаъолияти онҳо ба шабакаи ягона пайваст карда шудааст.
– Эмомалӣ Раҳмон аз масъулини ин мактаб тақозо кард, ки сатҳи таҳсилро баланд ба роҳ монанд ва ронандагони соҳибкасби ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳониро омода кунанд, – иброз дошт манбаъ.


