Ҷопон барои рушди соҳаи кишоварзии ВМКБ мусоидат мекунад

Ҳукумати Ҷопон дар доираи лоиҳаҳои кӯмаки бебозгашти башардӯстона ба шаҳри Хоруғ кӯмак мекунад. Тавассути ин лоиҳа ҳукумати Ҷопон дар шаҳри Хоруғ канали ирригатсиониро барқарор карда, техникаи заруриро таъмин хоҳад кард. Ҳафтаи сипаришуда сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Хироюки Имахаши ва раҳбари ВМКБ Қодир Қосим грант-созишнома оид ба «Лоиҳаи барқарорсозии канали ирригатсионии Хоруғ», дар ҳаҷми беш аз […]

пресс-релизи расмӣ


Ҳукумати Ҷопон дар доираи лоиҳаҳои кӯмаки бебозгашти башардӯстона ба шаҳри Хоруғ кӯмак мекунад.

Тавассути ин лоиҳа ҳукумати Ҷопон дар шаҳри Хоруғ канали ирригатсиониро барқарор карда, техникаи заруриро таъмин хоҳад кард. Ҳафтаи сипаришуда сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Хироюки Имахаши ва раҳбари ВМКБ Қодир Қосим грант-созишнома оид ба «Лоиҳаи барқарорсозии канали ирригатсионии Хоруғ», дар ҳаҷми беш аз 112 ҳазор доллари ИМА-ро имзо карданд.

Дар баробари татбиқгардии ин лоиҳа канали ирригатсионӣ васеъ ва барқарор шуда, 14 ҳазор сокини маҳаллӣ ба оби нӯшокӣ дастрасӣ пайдо мекунанд. Илова бар ин, раёсати мелиоратсия ва захираҳои оби ВМКБ соҳиби экскаваторе мешавад, ки дар оянда саривақт каналро тоза хоҳад кард.

Кобили қайд аст, ки шурӯъ аз соли 1996, дар доираи кумакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башардустона, Ҳукумати Ҷопон барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 23 миллион доллари ИМА лоиҳаҳои гуманитариро дастгирӣ кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.