Тоҷикистон ва Зеландияи Нав ҳамкориро густариш медиҳанд

Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ бо сафари расмӣ озими Зеландияи Нав шуд. Сафари мазкур аввалин сафар дар сатҳи вазири корҳои хоричӣ дар таърихи муносбатҳои ду кишвар мебошад, ки барои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Зеландияи Нав такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Сомонаи расмии ВКХ хабар медиҳад, ки дар доираи сафари расмӣ вазир мулоқоти дуҷониба, аз ҷумла, бо […]

Аваз Юлдашев


Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ бо сафари расмӣ озими Зеландияи Нав шуд.

Сафари мазкур аввалин сафар дар сатҳи вазири корҳои хоричӣ дар таърихи муносбатҳои ду кишвар мебошад, ки барои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Зеландияи Нав такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Сомонаи расмии ВКХ хабар медиҳад, ки дар доираи сафари расмӣ вазир мулоқоти дуҷониба, аз ҷумла, бо собиқ сарвазири Зеландияи Нав ва намояндаи махсуси сарвазир оид ба Осиёи Марказӣ ва вазири корҳои хориҷии Зеландияи Нав баргузор хоҳад кард.

Бояд қайд кард, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Зеландияи Нав моҳи августи соли 1992 барқарор карда шудааст. Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ миёни ду давлат вуҷуд надорад. Дар соли 2012 табодули мол байни Тоҷикистон ва Зеландияи Нав 55 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.