Варзишгарони тоҷик дар рӯзи нахустини Универсиадаи Қазон соҳиби ду медал шуданд

Варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали Универсиада, ки 7-уми июл дар Қазон оғоз шуд, соҳиби ду медал гардиданд. Айни ҳол, дастаи мунтахаби Тоҷикистон миёни 162 кишвари иштирокдор, бо 2 медал ( 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) дар мақоми 19-ум қарор дорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, дар сабқат Абдуазим Бойназаров […]

Аваз Юлдашев


Варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали Универсиада, ки 7-уми июл дар Қазон оғоз шуд, соҳиби ду медал гардиданд.

Айни ҳол, дастаи мунтахаби Тоҷикистон миёни 162 кишвари иштирокдор, бо 2 медал ( 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) дар мақоми 19-ум қарор дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, дар сабқат Абдуазим Бойназаров (то 68 кг) ва Маҳмад Миров (то 62 кг) медалҳои  нуқра ва биринҷиро соҳиб шуданд.

Мувофиқи иттилоъ, дар Универсиада, ки то 17-уми июл идома мекунад, 45 нафар варзишгари тоҷик дар нуҳ намуди варзиш иштирок меварзанд. Пас аз нахустин рӯзи мусобиқоти ҷаҳонии донишҷӯён дар хисоби умумидастаӣ Русия бо 16 медал (6 тилло, 2 нуқра ва 8 биринҷӣ) дар ҷойи аввал буда, варзишгарони Кореяи Ҷанубӣ (бо 3 +0+1) дуюм ва  Хитой (бо 2+4+2)  дар мақоми саввум чойгиранд. Аз кишварҳои пасошӯравӣ дар ҳисоби умумидастаӣ Қирғизистон дар ҷойи шашум (2+0+2), Туркманистон – ҳафтум (1+2+3), Украина – ҳаштум (1+2+2), Беларус – нуҳум (1+1+1), Литва – чаҳордаҳум (1+0+0), Қазоқистон ва Тоҷикистон  – нуздаҳум (0+1+1), Молдова ва Узбекистан – ҷои 25-ум(0+0+3), Латвия – мақоми 27-умро ишғол мекунанд

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.