Ба мактаббачаҳои Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор омӯзгор бо маълумоти миёна дарс мегӯянд

Дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии мамлакат 4,5 ҳазор омӯзгор бо маълумоти миёна дарс мегӯянд. Дар ин хусус 8-уми июл зимни нишасти матбуотӣ вазири маорифи кишвар Нуриддин Саидов хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, асосан муаллимони дорои маълумоти миёна дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат ба таълим машғуланд. Саидов илова кард, ки теъдоди чунин омӯзгорон бо мурури вақт коҳиш хоҳад […]

Фирӯза Сафарова


Дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии мамлакат 4,5 ҳазор омӯзгор бо маълумоти миёна дарс мегӯянд. Дар ин хусус 8-уми июл зимни нишасти матбуотӣ вазири маорифи кишвар Нуриддин Саидов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, асосан муаллимони дорои маълумоти миёна дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат ба таълим машғуланд. Саидов илова кард, ки теъдоди чунин омӯзгорон бо мурури вақт коҳиш хоҳад ёфт, зеро барои ба донишгоҳҳои олӣ дохил шудани чунин муаллимон ба хотири дарёфти маълумоти олӣ тадбирҳо андешида шудааст ва пас аз гирифтани диплом онҳо метавонанд кори омӯзгории худро идома диҳанд. 

Саидов таъкид кард, дар Исфара, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Айнӣ, Балҷувон, Нуробод, Рашт ва дигар ноҳияҳои мамлакат, ки норасоии муаллимони соҳибтахассус ба мушоҳида мерасад, аллакай рӯйхати омӯзгорони дорои маълумоти миёна тартиб дода шудааст ва онҳо дар оянда метавонанд бо дастгирии Вазорати маориф ба Донишгоҳи омӯзгорӣ дохил шаванд.

«Илова бар ин, барои такмили ихтисоси муаллимони маълумоти олидор чунин чораҳо андешида шуд: дар давоми 6 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 485 курси такмили ихтисос бо фарогирии 11,3 ҳазор шунаванда ташкил карда шуд. Дар маҷмӯъ, дар муқоиса бо соли гузашта аз ҷониби Вазорат 135 курс зиёдтар ба роҳ монда шудааст»,- зикр кард Нуриддин Саидов.

Бино ба иттилои Вазорати маориф, то имрӯз теъдоди умумии муаллимон дар қаламрави ҷумҳурӣ 130 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар мактабҳо 1 ҳазору 200 омӯзгор намерасад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.