Ҳамла ба филиали бонк дар Файзобод: посбон кушта шуд

Шоми рӯзи якшанбе дар ноҳияи Файзобод посбони филиали яке аз бонкҳои калонтарини мамлакат кушта шуд.  Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сокинони манзилҳои минтақаи атрофи бинои бонк хабар доданд, дар натиҷаи ҳамлаи ашхоси номаълум шоми рӯзи 7-уми июл посбони филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар ноҳияи Файзобод ба қатл расонида шуд.  Ҷинояткорон яроқи посбони бонкро бо худ гирифта, аз […]

Аваз Юлдашев


Шоми рӯзи якшанбе дар ноҳияи Файзобод посбони филиали яке аз бонкҳои калонтарини мамлакат кушта шуд. 

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сокинони манзилҳои минтақаи атрофи бинои бонк хабар доданд, дар натиҷаи ҳамлаи ашхоси номаълум шоми рӯзи 7-уми июл посбони филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар ноҳияи Файзобод ба қатл расонида шуд. 

Ҷинояткорон яроқи посбони бонкро бо худ гирифта, аз чойи ҳодиса фирор карданд. Ба гуфтаи шоҳидон, тамоми шаб маркази ноҳияи Файзобод таҳти назорати шадиди  кормандони мақомоти милитсия қарор дошт.  

Манобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин хабарро рад накарда, таъкид сохтанд, ки оид ба ин ҳодиса дар фурсати наздиктарин маълумоти расмӣ интишор мешавад.  

Айни замон мушаххас нест, ки ба ҳамлагарон рабудани маблағи бонк муяссар шудааст ё на. Дар хусуси дар кадом самт фаъолият бурдани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ оид ба ин ҳодиса хабаре дар даст нест.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.