Квотаҳо барои таҳсили донишҷӯйёни тоҷик дар Миср имсол истифода намешаванд

Вазири маориф Нуриддин Саидов 8-уми июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки бинобар носуботии сиёсӣ дар Миср, Тоҷикистон имсол тасмим гирифтааст, аз квотаҳо барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Миср истифода накунад. Қаблан 12 нафар донишҷӯён ҳамасола иборат аз баҳри таҳсил ба Миср сафар мекарданд. Донишҷӯён асосан аз рӯйи се ихтисос, шомили минтақашиносӣ, забоншиносӣ ва муносибатҳои […]

Фаридаи Ҳайдармаҳмад


Вазири маориф Нуриддин Саидов 8-уми июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки бинобар носуботии сиёсӣ дар Миср, Тоҷикистон имсол тасмим гирифтааст, аз квотаҳо барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Миср истифода накунад.

Қаблан 12 нафар донишҷӯён ҳамасола иборат аз баҳри таҳсил ба Миср сафар мекарданд. Донишҷӯён асосан аз рӯйи се ихтисос, шомили минтақашиносӣ, забоншиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ ба макотиби олии Миср дохил шудаанд.

Тавре вазир тавзеҳ дод: «Бар пояи вазъе, ки имрӯзҳо дар Миср ба мушоҳида мерасад, мо наметавонем донишҷӯёнамонро барои таҳсил сафарбар кунем. Мо набояд ҳаёти онҳоро зери хатар гузорем».

Дар маҷмӯъ, бино ба иттилоъи вазорати маориф, соли гузашта 1269 донишҷӯй тариқи квотаҳо барои таҳсил ба хориҷа фиристода шуданд. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки имсол чӣ теъдод донишҷӯй фиристода мешавад. Дар ҳоли ҳозир вазорат дар мавриди квотаҳо ба Беларус ва Украина ба мувофиқа омадааст. Ба донишгоҳҳои Беларус 30 ва ба Украина 20 донишҷӯй фиристода мешаванд.

«Дар чаҳорчӯбаи созишнома дар бораи ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия аллакай 800 нафар аз ҳисоби буҷаи давлат барои таҳсил дар макотиби олии ФР роҳхат гирифтаанд. Озмуни дохилшавӣ ба 16 донишгоҳи ФР идома дорад», – иброз дошт Саидов.

Тибқи омори вазорат, Ҷумҳурии мардумии Чин имсол барои таҳсили ҷавонони тоҷик 135 ҷой ҷудо кардааст. Инчунин дар аввали сол аз 94 довталаб, 72-тояшон раводид гирифтанд ва барои таҳсил ба Эрон равон карда шуданд. Барои таҳсил дар ин кишвар боз 250 ҷойи холӣ мондааст.

Ёдрас мекунем, ки вазъияти Қоҳира баъд аз силсилаи бенизомиҳои созмондодаи ҷонибдорони ҷунбиши «Ихвонулмуслимин» ва собиқ раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ дар шимоли нимҷазираи Сино, дар дигар шаҳру музофотҳои Миср якбора муташанниҷ гардид. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.