Муҳаммадалии Ҳайит: “Пешниҳоди рӯҳониён хилофи Сарқонун аст!” (аудио)

Дар мулоқоти ахир бо раиҷумҳур чанде аз рӯҳониён изҳор доштанд, ки Ислом ниёз ба ҳизб надорад ва дар сурати фаъолияти ҲНИТ бояд вожаи Ислом аз он бардошта шавад. Хабарнигори “Азия-Плюс” назари муовини раиси ҲНИТ Муҳаммадалии Ҳайитро оид ба ин дархости рӯҳониён мушаххас кард: “Аслан даъвои имомхатибони ҷумҳурӣ дар робита ба ин мавзӯъ хеле ҳам кори […]

Аҳлиддин Салимов


Дар мулоқоти ахир бо раиҷумҳур чанде аз рӯҳониён изҳор доштанд, ки Ислом ниёз ба ҳизб надорад ва дар сурати фаъолияти ҲНИТ бояд вожаи Ислом аз он бардошта шавад.

Хабарнигори “Азия-Плюс” назари муовини раиси ҲНИТ Муҳаммадалии Ҳайитро оид ба ин дархости рӯҳониён мушаххас кард:

“Аслан даъвои имомхатибони ҷумҳурӣ дар робита ба ин мавзӯъ хеле ҳам кори носавоб аст. Ва ба мо гуфтаҳои эшон ҳатман рабт надорад. ҲНИТ ҳизби сиёсии сабтиномшуда дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва мувофиқи моддаи 28-и Сарқонуни кишвар ҳаққи фаъолиятро дорад. Ҳар он чизе, ки имомхатибон пешниҳод кардаанд ва касе ки посух ба онҳо додааст, фикр мекунам, хилофи Сарқонун ва қонун “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” рафтор кардааст.

Мо ин гуна масъалагузориҳоро қабул надорем. Мо иттиҳодияи динӣ нестем. Мо як ҳизби сиёсии расман сабтиномшуда дар ҷумҳурӣ мебошем. Ва номи исломӣ дар ҲНИТ соли аввалу моҳи аввал нест. Муддати 40 сол аст, ки ин ҳизб бар асоси ақидаи мазҳаби ҳанафӣ ва дини мубини Ислом фаъолият карда ва иншоаллоҳ дар оянда ҳам фаъолият хоҳад кард.

Ин дастурист ва доираҳои махсусе аз ҳукумат ин масъаларо борҳо матраҳ карданд. Агар дар ёд дошта бошед, соли 2010 мактуби махфии раиси Кумитаи дин Абдураҳим Холиқов ба унвонии президенти кишвар буд, ки дар он ҷо ҳам дар ин мавзӯъ сӯҳбат мерафт ва бояд кӯшиш ба харҷ медоданд, ки ба хусус номи Исломро аз ин ҳизб ҳазф кунанд. Ва ҳамчунон мухолифатҳое ба фаъолияти мо доштанд.

Ба ёд биёрем, ки бар асоси протоколи 32-20 ҳам бо мо хеле мубориза карданд ва фикр мекунам, муваффақ ҳам нашуданд. Дар пайи ин фишорҳо агар чанд нафар аз ҳизб рафта бошанд, боз ҳазорҳо нафари дигар ба ҳизб пайвастанд. Фикр накунам, ки ба осонӣ дар мавриди беномбурдани номи Ислом муваффақ шуда бошанд ин рӯҳониёне, ки дар ҷаласаи назди раисҷумҳур ин масъаларо бардоштанд”.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.