Вазорати маориф устодони ҷавонро бо манзили истиқоматӣ таъмин карда наметавонад (аудио)

Вазорати маорифи Ҷумхурии Тоҷикистон имконияти моливу моддӣ надорад, ки тамоми устодони ҷавонро бо манзили истиқоматӣ таъмин кунад. Дар ин бора 5-уми июл ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Хуршед Зиёев дар ҷаласаи ҳисоботии донишкада изҳор дошт. Тавре Зиёев қайд кард, рӯйихати пурраи устодони ниёзманд аллакай тартиб дода шудааст, аммо таъмини онҳо бо манзилили истиқоматӣ кори осон […]

Гурдофариди Соҳибназар


Вазорати маорифи Ҷумхурии Тоҷикистон имконияти моливу моддӣ надорад, ки тамоми устодони ҷавонро бо манзили истиқоматӣ таъмин кунад. Дар ин бора 5-уми июл ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Хуршед Зиёев дар ҷаласаи ҳисоботии донишкада изҳор дошт.

Тавре Зиёев қайд кард, рӯйихати пурраи устодони ниёзманд аллакай тартиб дода шудааст, аммо таъмини онҳо бо манзилили истиқоматӣ кори осон нест.  

Дар робита ба ин раиси Иттифоқи касабаи донишкада Қаноат Раҷабова ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки устодони ҷавони донишкада бо дархости гирифтани манзил ба иттифоқи мазкур муроҷиат мекунанд. Мавсуф гуфт: “Ҳозир 30 нафар устоди ҷавон аз 30 то 45-сола, онҳое, ки донишкадаро бо баҳои аъло хатм карда, баъдан дар муассисаи таълимӣ ба ҳайси омӯзгор ба кор ҷалб шудаанд, дар навбат истодаанд. Айни замон онҳо дар хобгоҳи донишкада ҳамроҳи оилаҳояшон зиндагӣ доранд. Аллакай, навбати яке аз устодон барои гирифтани қитъаи замин расидааст”.

Бино ба иттилои раиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ Абдурозиқ Ризоев, мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми майи соли 2006 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» онҳое, ки муасссиаи таҳсилоти олиро хатм кардаанд, то се сол омӯзгори ҷавон ҳисоб мешаванд. Мавсуф дар бораи имтиёзҳои омӯзгорони ҷавон ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки қарори мазкур ба омӯзгорони шаҳр дахл надорад чун: «Мақсади қабули қарор аз он иборат аст, ки мо ҷалби омӯзгоронро ба мактабҳои деҳот таъмин кунем. Имрӯз нарасидани омӯзгорон дар деҳот эҳсос мешавад. Дар чунин минтақаҳои ҷумҳурӣ қитъаи замин барои сохтмон ҷудо карда мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳистон бошад, вобаста ба имконот кор мекунем. Дар ноҳияҳои кӯҳистон замин надорем. Мисол, дар Бадахшон замин дода наметавонем. Агар замин бошад, ҳамон ҳам дар навбати аввал ба омӯзгорони ҷавон дода мешавад».

А.Ризоев дар мавриди додани қарзҳои имтиёзнок дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ ба омӯзгорони ҷавон иброз дошт, ки «тарзи додани қарзи имтиёзнок ба омӯзгорони ҷавон нодуруст аст. Барои гирифтани қарз ҳамчун омӯзгори ҷавон, аввал бояд чизеро ба гарав гузорнад. Вале онҳо чӣ доранд, ки ба гарав гузоранд? Ва ё барои мисол, 20 қуттии занбӯри асал ва ё гов медиҳанд. Омӯзгори ҷавон хона надошта бошад, ин занбӯри асал ва говро дар куҷо парвариш мекунад?»

Инчунин А.Ризоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар шаҳр барои гирифтани қитъаи замин ва ё манзили истиқоматӣ, омӯзгорон танҳо дар навбати шаҳрдорӣ меистанд. Чунонки мавсуф иброз дошт, хонаҳо ҳам аз рӯйи лоиҳаи меъмории шаҳри Душанбе бояд сохта шаванд. Вале шикоятҳо аз ҷониби омӯзгороне, ки қитъаҳои замин гирифтаанду мутобиқ ба муқаррарот хона сохта натавонистаанд, хеле зиёд меояд. Ба ҳамин хотир аз ҷониби иттифоқи мазкур  соли 2011 ба шаҳрдорӣ ва Ҳукумати ҷумҳурӣ нома ирсол шуда буд, ки ба устодони Душанбе ба таври ипотека, яъне, қарзи мӯҳлатнок, манзилҳои истиқоматӣ ҷудо карда шуда бошад.

«Вале дар 20-солаи охир касе аз мактабҳои олӣ, ба ғайр аз устодони Донишгоҳи миллӣ, хона нагирифтааст. Барои он ки ҳамин хел шароите нест, ки барои устодони шаҳри Душанбе хона сохта шавад», – гуфт Абдурозиқ Ризоев.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.