Н. Саидов: Дар давраи имтиҳоноти дохилшавӣ фақат як ҳолати ришва ба қайд гирифта шудааст

Боздошти мудири кафедраи забони русӣ ва адабиёти Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд Ҷаннат Усмонова аснои гирифтани маблағ дар ҷойи ҳодиса ягона ҳолати фасод аст, ки дар низоми маориф дар давраи имтиҳоноти имсолаи дохилшавӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Нуриддин Саидов, вазири маорифи кишвар рӯзи 8-уми июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод. «Ман […]

Маҳпора Киромова


Боздошти мудири кафедраи забони русӣ ва адабиёти Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд Ҷаннат Усмонова аснои гирифтани маблағ дар ҷойи ҳодиса ягона ҳолати фасод аст, ки дар низоми маориф дар давраи имтиҳоноти имсолаи дохилшавӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Нуриддин Саидов, вазири маорифи кишвар рӯзи 8-уми июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

«Ман аллакай роҷеъ ба қазияи Усмонова бо муовинони раиси вилояти Суғд ва директори Коллеҷи омӯзгорӣ сӯҳбат кардам. Мутаассифона, ин ҳолат бо омӯзгоре рӯй дод, ки 40 сол собиқаи корӣ доштааст. Ман дар бораи ин қазия ба андозаи намояндагони расонаҳои хабарӣ воқифам», – иброз дошт вазир.

Саидов гуфт, ки соли ҷорӣ ҳолатҳои дигари фасод ба қайд гирифта нашудаанд. Ба қавли вазир, сарфи назар аз чунин маълумот, ӯ медонад ва мефаҳмад, ки имрӯз маҳз фасод яке аз мушкилоти доғ дар низоми маориф боқӣ мемонад.

Тавре мавсуф иброз дошт: «Ҳарчанд сатҳи ҳолатҳои ришвахорӣ сол то сол рӯ ба коҳиш ниҳода истода бошад ҳам, аммо мо наметавонем яқин гӯем, ки фасод дар низоми маориф дида намешавад. Чунки, тавре шумо мефаҳмед, низоми маориф калонтарин соҳа маҳсуб мешавад ва барои аз байн бурдани равзанаҳои фасод вақту заҳмати зиёд лозим аст».

Ба қавли Саидов, вазорат аллакай чандин усули ҷилавгирӣ аз амалиёти ришвахориро дарёфт кардааст. Яке аз усулҳое маъруф дар хориҷа гузаронидани имтиҳоноти дохилшавии мутамарказонида ба шумул меравад. Вазир чунин меҳисобад, ки дар ҳоли ин тарзи фаъолият Маркази миллии тестӣ расман соли оянда роҳандозӣ шуда, барои фасод ҷой нахоҳад монд.

Ба суоли рӯзноманигорон, ки оё паст будани маоши омӯзгорони мактабҳо ва донишгоҳҳо иллати асосии фасод дар низоми маориф нест, Саидов гуфт, имсол аз буҷаи давлат барои соҳаи маориф 2 миллиарду 130 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.

«Тибқи паёми моҳи апрелии президент ба порлумони кишвар, соли 2012 музди меҳнати кормандони соҳаи маориф ба 60% баланд бардошта шуд. Имсол, ба қавли раисиҷумҳур, бояд музди меҳнати омӯзгорони макотиби таҳсилоти умумӣ боз ба 30% баланд бардошта шавад», – иброз дошт вазир.

Дар робита Саидов изҳори боварӣ кард, ки сол аз сол вазъи соҳаи маориф рӯ ба беҳбудӣ хоҳад ниҳод. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.