Шӯрои ВАО: Тутубалина меъёрҳои ахлокии фаъолияти журналистиро вайрон накардааст

Матлаби муҳаррири ҳафтаномаи “Азия-Плюс” Олга Тутубалина зери унвони “Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён” (“Неинтелегентно об интеллигенции ” ) мухолифи ягон банди «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» нест. Ба чунин хулоса Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти ҷаласаи навбатии худ омадааст. Тавре Раиси Шӯро Шарифзода Қироншоҳ ба Хабаргузории “Азия-Плюс” иттилоъ дод, азбаски матлаби батабърасонидаи […]

Аваз Юлдашев


Матлаби муҳаррири ҳафтаномаи “Азия-Плюс” Олга Тутубалина зери унвони “Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён” (“Неинтелегентно об интеллигенции



) мухолифи ягон банди «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» нест.


Ба чунин хулоса


Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти ҷаласаи навбатии худ омадааст.

Тавре Раиси Шӯро Шарифзода Қироншоҳ ба Хабаргузории “Азия-Плюс” иттилоъ дод, азбаски матлаби батабърасонидаи Ольга Тутубалина



Неинтеллигентно об интеллигенции» танҳо назари шахсии муаллиф буда, дар он нишонаҳои таҳқир ба унвони шахси мушаххас вуҷуд надорад ва ба ягон банди



Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мухолифат надорад, ҳангома сохтан аз ин мавзӯъ ба манфиат нест. Ин дар ҳолест, ки тибқи банди 4-и



Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» баёни андешаи ашхос мавриди санҷиш ва бозпурсӣ қарор намегирад”.




Баръакс дар вокунишҳои матбуотӣ вобаста ба матлаби



Неинтеллигентно об интеллигенции» ҳолатҳои халалдор шудани аз ҷумла бандҳои 5, 7, 9 –и



Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” ба чашм мехурад. Аз ин рӯ, лозим аст, ки кормандони идораҳои ВАО ҳангоми омода ва интишор намудани ҷавобия ва матолиби мубоҳисавии ҳаммонанд, масъулияти бештар зоҳир намоянд”, – қайд кард Шарифзода.

 

Ҳамзамон Шӯро аз журналистон хоҳиш карда, ки дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ меъёри банди 16-и



Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”-ро, ки дар он омадааст –



Журналистон ВАО-ро барои хусумати шахсӣ ва ҷудоиандозӣ миёни ҳамкасбон истифода намекунанд”, аз мадди назар дур насозанд.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.