Дар ҷануби Тоҷикистон муаллимони баъзе мактабҳо беш аз 5 моҳ маош нагирифтаанд

Муаллимони баъзе мактабҳои ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон давоми беш аз 5 моҳ маош нагирифтаанд. Тавре зимни нишасти хабарӣ раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон Иброҳим Азизов хабар дод, дар ду ноҳияи вилояти Хатлон – Шаҳритус ва Ёвон қарздорӣ аз рӯйи пардохти музди меҳнат ба қайд гирифта шудааст. Раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи соҳаи маориф Ҳабибулло Раҳматов […]

Сайраҳмон Назриев


Муаллимони баъзе мактабҳои ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон давоми беш аз 5 моҳ маош нагирифтаанд.

Тавре зимни нишасти хабарӣ раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон Иброҳим Азизов хабар дод, дар ду ноҳияи вилояти Хатлон – Шаҳритус ва Ёвон қарздорӣ аз рӯйи пардохти музди меҳнат ба қайд гирифта шудааст.

Раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи соҳаи маориф Ҳабибулло Раҳматов изҳор дошт, ки дар ноҳияи Шаҳритус бо сабаби иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии андоз музди меҳнати омӯзгорон дар давоми 5 моҳ пардохт нагардидааст. 

Раҳматов ҳаҷми умумии маблағи пардохтнашударо дақиқ гуфта натавонист, аммо таъкид кард, ки бо дастури раиси вилояти Хатлон барои пардохти маоши муаллимон аз буҷаи вилоятӣ маблағи зарурӣ ҷудо гардидааст.

Дар ҳамин ҳол муовини раиси ноҳияи Шаҳритус Лутфия Ёқубова овозаҳоро дар хусуси ҷой доштани қарздории ноҳия дар назди муаллимон рад кард. «Муаллимони мо аллакай музди рухсатии худро мегиранд ва дар ноҳияи мо мушкилӣ дар самти дер пардохт шудани маош ҷой надорад»,- таъкид кард ӯ.   

Дар Нозироти меҳнати вилояти Хатлон низ хабари пардохт нашудани музди меҳнати омӯзгоронро тасдиқ карданд. Яке аз омӯзгорони ноҳияи Шаҳритус ба шарти он, ки номаш махфӣ нигоҳ дошта шавад, хабар дод, ки қисме аз мактабҳои ноҳия аз моҳи феврал инҷониб маош нагирифтаанд. 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.