Дар Қӯрғонтеппа аксари озмоишгоҳҳо акредитатсия надоранд

Бештари  озмоишгоҳҳои Марказҳои санитарию эпидимологӣ ва озмоишгоҳҳои байтории бозорҳои минтақаи Қӯрғонтеппа аз акредитатсияи давлатӣ нагузаштаанд. Дар ин бора Икромиддин Валиев, сарвари Маркази стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои Қӯрғонтеппа зимни нишасти матбуотӣ  изҳор дошт. Номбурда афзуд: «Ҳудуди 90% озмоишгоҳҳои марказҳои сантираю эпидимиологӣ ва озмоишгоҳҳои бозорҳои минтақа аз акредитатсияи давлатӣ нагузаштаанд. Аз нуқтаи назари қонун бигӯем, ин […]

Сайраҳмон Назриев


Бештари  озмоишгоҳҳои Марказҳои санитарию эпидимологӣ ва озмоишгоҳҳои байтории бозорҳои минтақаи Қӯрғонтеппа аз акредитатсияи давлатӣ нагузаштаанд.

Дар ин бора Икромиддин Валиев, сарвари Маркази стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои Қӯрғонтеппа зимни нишасти матбуотӣ  изҳор дошт.

Номбурда афзуд: «Ҳудуди 90% озмоишгоҳҳои марказҳои сантираю эпидимиологӣ ва озмоишгоҳҳои бозорҳои минтақа аз акредитатсияи давлатӣ нагузаштаанд. Аз нуқтаи назари қонун бигӯем, ин озмоишгоҳҳо ҳуқуқи фаъолиятро надоранд».

– Аслан, мо бо ин ниҳодҳо дар самти  ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати сифати маҳсулоти хӯрокворӣ ҳамкории наздик дорем. Аз ҷумла, бо Марказӣ санитарию эпидемиологии вилоят. Мо ҳамеша омодаем барои гузаронидани озмоишҳои ин ниҳодҳо дасти кӯмак дароз кунем, –  гуфт Валиев.

Дар ин росто як корманди Маркази стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои Қӯрғонтеппа, ки нахост номаш зикр шавад,  изҳор дошт, ки ҳаррӯза мутахассисони байтории бозорҳои минтақа аз деҳқонону фурӯшандаҳои бозорҳо намунаҳои маҳсулотро барои озмоиш гирифта, ба онҳо сертификати маҳсулот медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки озмоишгоҳҳои онҳо аз акредитатсияи давлатӣ нагузаштаанд ва ҳуқуқи чунин амалиётро надоранд.

Воқеан, сари ин мавзӯъ чанд сол қабл сарвари собиқи Маркази стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои Қӯрғонтеппа Раҷабалӣ Тағоев низ изҳори нигаронӣ карда буд. Ба гуфтаи ӯ, фаъолияти озмоишгоҳҳои бозорҳои минтақа ва Марказҳои санитарию эпидимиологии минтақа ғайриқонунианд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.