Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ нисбати Ҷамъияти нобиноёну гунгҳои Тоҷикистон ба суди ноҳияи Синои пойтахт аризаи даъвогӣ пешниҳод намуда, дархост кардааст, ки онҳо ҳуҷраҳои кории воқеъ дар ошёнаи сеюми бинои Пажӯҳишгоҳи ташхис ва барқарор кардани коршоямии маъюбонро холӣ кунанд, зеро Вазорат дар ин ҷо Пажӯҳишгоҳи худро ҷойгир карданӣ аст.
Ба ин муносибат имрӯз Ҷамъияти нобиноёну гунгҳои Тоҷикистон як нишасти хабарӣ баргузор намуд, то ки таваҷчуҳи ҷомеа ва ҳукуматдоронро ба ин масъала ҷалб намояд.
Хушвахтшо Сафаров, сардори шуъбаи ҳуқуқии Вазорати меҳнат дар ин робита қайд кард, ки тибқи қарори суди иқтисодӣ муқаррар шудааст, ки ин бино моликияти Пажӯҳишгоҳи ташхис ва барқарор кардани коршоямии маъюбон буда, дар тавозуни он қарор дорад.
«Ҷамъияти нобиноёну гунгҳо ғайриқонунӣ қисмате аз бинои маъмуриро истифода мекард. Ин бино бояд барои барқарор кардани коршоямии маъюбон хизмат кунад. Мо худамон ба Суди иқтисодии Душанбе муроҷиат намудем ва бар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда суд қарор кард, ки ҷамъияти мазкур ғайриқонунӣ аз бино истифода карда, даъвои муқобили даъвои онҳоро рад намуд. Аммо пас аз ин Ҷамъияти нобиноёну гунгҳои Тоҷикистон ба колллегияи Суди иқтисодии Душанбе ва сипас ба Суди олии иқтисодӣ даъво пеш овард, ки ҳарду шикоят ҳам рад шуд», – зикр кард Сафаров.
Ба гуфтаи ӯ, Ҷамъият асос меоварад, ки тӯли солҳои 19769-1974, ҳангоми бунёди бино онҳо 70%-и маблағи корҳои сохтмониро пардохт намудаанд, аммо зимни мурофиаи судӣ ҳеҷ як санади тасдиқкунандаи онро пешниҳод карда натвонистаанд.
«Имрӯз Вазорат аз ҳуқуқҳои маъюбон ҳимоят мекунад, вале вазъ чунин аст, ки чор муассисаи зертобеъи вазорат дар хобгоҳи Донишгоҳи тиббӣ ҷойгир шуда буданд ва ҳангоме ки Донишгоҳ муассисаҳои моро аз бинояш ронд, масъалаи минбаъд ҷойгиркунии ин муассисаҳо рӯйи кор омад. Ба се муассиса мо ҷой ёфта тавонистем, танҳо Пажӯҳишгоҳи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ боқӣ монд. Мо чандин маротиба ба Ҷамъияти нобиноёну гунгҳо муроҷиат кардем, ки бароямон 7 ҳуҷраи кориро холӣ намоянд ва мо танҳо то 1-уми август сабр карда метавонем. Худатон қазоват кунед, ин кор нодуруст аст, вақте муассисаи давлатӣ бе ҷой монад. Мо пурра онҳоро ронданӣ нестем, ба мо танҳо 20%-и қаламрави ишғолкардаи онҳо лозим аст», – гуфт ҳуқуқшинос.
Дар ҳамин ҳол, дар нусхаи аризаи даъвогӣ Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ «кӯчонидани Ҷамъият аз ошёнаи сеюми Пажӯҳишгоҳи ташхис ва барқарор кардани коршоямии маъюбон»-ро аз суд талаб мекунад.
Яке аз аъзои Ҷамъияти нобиноён Мария Семенова зимни нишасти хабарӣ изҳор кард, ки ӯ аз замони шӯравӣ дар ин бино кор карда, то ин замон ҳеҷ касе ба ғайриқонунӣ дар ин бино ҷойгир шудани онҳо даъво накардааст.


