Тақозои ҳукумат аз Ҷамъияти нобиноёну гунгҳо оид ба холӣ кардани бино

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ нисбати Ҷамъияти нобиноёну гунгҳои Тоҷикистон ба суди ноҳияи Синои пойтахт аризаи даъвогӣ пешниҳод намуда, дархост кардааст, ки онҳо ҳуҷраҳои кории воқеъ дар ошёнаи сеюми бинои Пажӯҳишгоҳи ташхис ва барқарор кардани коршоямии маъюбонро холӣ кунанд, зеро Вазорат дар ин ҷо Пажӯҳишгоҳи худро ҷойгир карданӣ аст. Ба ин муносибат имрӯз […]

Меҳрангез Турсунзода


Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ нисбати Ҷамъияти нобиноёну гунгҳои Тоҷикистон ба суди ноҳияи Синои пойтахт аризаи даъвогӣ пешниҳод намуда, дархост кардааст, ки онҳо ҳуҷраҳои кории воқеъ дар ошёнаи сеюми бинои Пажӯҳишгоҳи ташхис ва барқарор кардани коршоямии маъюбонро холӣ кунанд, зеро Вазорат дар ин ҷо Пажӯҳишгоҳи худро ҷойгир карданӣ аст.

Ба ин муносибат имрӯз Ҷамъияти нобиноёну гунгҳои Тоҷикистон як нишасти хабарӣ баргузор намуд, то ки таваҷчуҳи ҷомеа ва ҳукуматдоронро ба ин масъала ҷалб намояд.

Хушвахтшо Сафаров, сардори шуъбаи ҳуқуқии Вазорати меҳнат дар ин робита қайд кард, ки тибқи қарори суди иқтисодӣ муқаррар шудааст, ки ин бино моликияти Пажӯҳишгоҳи ташхис ва барқарор кардани коршоямии маъюбон буда, дар тавозуни он қарор дорад.

«Ҷамъияти нобиноёну гунгҳо ғайриқонунӣ қисмате аз бинои маъмуриро истифода мекард. Ин бино бояд барои барқарор кардани коршоямии маъюбон хизмат кунад. Мо худамон ба Суди иқтисодии Душанбе муроҷиат намудем ва бар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда суд қарор кард, ки ҷамъияти мазкур ғайриқонунӣ аз бино истифода карда, даъвои муқобили даъвои онҳоро рад намуд. Аммо пас аз ин Ҷамъияти нобиноёну гунгҳои Тоҷикистон ба колллегияи Суди иқтисодии Душанбе ва сипас ба Суди олии иқтисодӣ даъво пеш овард, ки ҳарду шикоят ҳам рад шуд», – зикр кард Сафаров.

Ба гуфтаи ӯ, Ҷамъият асос меоварад, ки тӯли солҳои 19769-1974, ҳангоми бунёди бино онҳо 70%-и маблағи корҳои сохтмониро пардохт намудаанд, аммо зимни мурофиаи судӣ ҳеҷ як санади тасдиқкунандаи онро пешниҳод карда натвонистаанд.

«Имрӯз Вазорат аз ҳуқуқҳои маъюбон ҳимоят мекунад, вале вазъ чунин аст, ки чор муассисаи зертобеъи вазорат дар хобгоҳи Донишгоҳи тиббӣ ҷойгир шуда буданд ва ҳангоме ки Донишгоҳ муассисаҳои моро аз бинояш ронд, масъалаи минбаъд ҷойгиркунии ин муассисаҳо рӯйи кор омад. Ба се муассиса мо ҷой ёфта тавонистем, танҳо Пажӯҳишгоҳи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ боқӣ монд. Мо чандин маротиба ба Ҷамъияти нобиноёну гунгҳо муроҷиат кардем, ки бароямон 7 ҳуҷраи кориро холӣ намоянд ва мо танҳо то 1-уми август сабр карда метавонем. Худатон қазоват кунед, ин кор нодуруст аст, вақте муассисаи давлатӣ бе ҷой монад. Мо пурра онҳоро ронданӣ нестем, ба мо танҳо 20%-и қаламрави ишғолкардаи онҳо лозим аст», – гуфт ҳуқуқшинос.

Дар ҳамин ҳол, дар нусхаи аризаи даъвогӣ Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ «кӯчонидани Ҷамъият аз ошёнаи сеюми Пажӯҳишгоҳи ташхис ва барқарор кардани коршоямии маъюбон»-ро аз суд талаб мекунад.

Яке аз аъзои Ҷамъияти нобиноён Мария Семенова зимни нишасти хабарӣ изҳор кард, ки ӯ аз замони шӯравӣ дар ин бино  кор карда, то ин замон ҳеҷ касе ба ғайриқонунӣ дар ин бино ҷойгир шудани онҳо даъво накардааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.