Танбеҳ ба муовини раиси пойтахт барои ба дарозо кашидани муҳлати таъмири роҳҳо

Чанде қабл дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки доираи васеи масъулини сохторҳо ва роҳбарони ташкилоту идораҳои шаҳрӣ ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолият дар 6 моҳи соли равон баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, М.Убайдуллоев […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки доираи васеи масъулини сохторҳо ва роҳбарони ташкилоту идораҳои шаҳрӣ ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолият дар 6 моҳи соли равон баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, М.Убайдуллоев таваҷҷуҳи ҳизиринро пеш аз ҳама ба масоили фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ, иҷрои нақшаи ҷамъоварии андоз, саривақт пардохт шудани нафақаву кӯмакпулиҳо, амалисозии босифати  корҳои бунёду азнавсозӣ, таъмири асосӣ ва ҷории роҳҳои хиёбону кӯчаҳо ва баистифодадиҳии саривақтии онҳо, беҳдошти вазъи санитарию экологӣ ва ҳифзи саломатӣ, барориши саривақтии партовҳои сахти маишӣ, омодагиҳо ба соли нави хониш, ҷашни Истиқлолият ва мавсими зимистонгузаронии пешорӯ ва назорати  истифодаи нерӯи барқ ва пардохти ҳаққи истифодаи он аз ҷониби муштариён ҷалб намуд.

«Раиси пойтахт бо хулоса аз фаъолияти анҷомдодаи сохторҳои шаҳрӣ дар амалисозии босифати корҳои бунёду азнавсозӣ, таъмири асосӣ ва ҷории роҳҳои хиёбону кӯчаҳо ва баистифодадиҳии саривақтии онҳо, бинобар сабаби зоҳир намудани бемасъулиятӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва ба таъхир андохтани муҳлати ба истифодадиҳии иншоотҳо дар кӯчаҳои Н.Қарабоев, Лоҳутӣ, Меҳнат ва Шарқ ба муовини худ Абдулҳақ Оев ва сардори Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою купрӯкҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе” Суҳроб Мирзоев муҷозоти интизомӣ – танбеҳ эълон намуд», – зикр мегардад дар иттилои шаҳрдорӣ.

Зимнан зикр мегардад, ки раиси пойтахт мақомоти прокуратураро муваззаф сохтааст, ки дар мавриди роҳ додан ба изофанависӣ ҷиҳати фароҳам сохтани ҷойҳои корӣ фаъолияти субъектҳои хоҷагидориро мавриди санҷиш қарор диҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.