Агентии зиддифасод: Зайд Саидов ба буҷет 38 млн. сомонӣ зиён овард


Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон тафтиши фаъолияти молиявӣ-хоҷагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-Сохтмон Байналмиллал»-и шаҳри Душанберо, ки муттаалиқ ба соҳибкор Зайд Саидов ва аҳли хонаводаи вай мебошад, дар давраи солҳои 2009-2013 ба итмом расонид.

Бино ба маълумоти интишоргардида дар сомонаи расмии Агентӣ, дар ҷараёни санҷиш ҳолатҳои тасарруф, изофанависӣ ва руйпӯшкунии андоз ба маблағи калон ошкор шудааст.

«Солҳои 2009-2013 ширкат дар 17 иншооти гуногун ба маблағи 369,7 млн. сомонӣ корҳои васлу сохтмониро анҷом дода, аз он аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе 4 иншоот ба маблағи 202,5 млн. сомонӣ бунёд ва ба истифода дода шудааст. Дар ин давра тариқи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ, пинҳон намудани андозҳои давлатӣ, изофанависии корҳои сохтмонӣ, кам нишон додани хароҷоти музди меҳнат, барзиёд нишон додани арзиши масолеҳҳои сохтмонӣ ва анҷом додани дигар амалиётҳои ғайриқонунӣ ширкат ба буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 38 млн. сомонӣ зарари молиявӣ расонидааст», – зикр мегардад дар иттилои Агентӣ.

Гуфта мешавад, ширкати «Тоҷ-Сохтмон Байналмиллал» дар иншооти «Душанбе-Плаза» дар ҳаҷми 184,8 млн. сомонӣ корҳои сохтмониро ба иҷро расонидааст.

«Санҷишҳо нишон доданд, ки сохтмончиён ҳаҷми кору хизматрасонӣ ва арзиши масолеҳҳои сохтмониро бе асос ва барзиёд нишон дода, ба маблағи 11,9 млн. сомонӣ ба изофанависии корҳои сохтмонӣ роҳ додаанд, – баён мегардад дар хабар. – Ҳамин тавр, муайян карда шуд, ки дар иншооти «Сохтмони Душанбе плаза» аз ҳисоби зиёд нишон додани нарх ва истифодаи масолеҳи пастсифати сохтмонӣ ба буҷети шаҳри Душанбе ба маблағи 4,7 млн. сомонӣ зиён расонида шудааст». 

spot_imgspot_img

Популярное