Соати 4-и субҳи имрӯз сокинони маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ ба хотири ёдбуди қурбониёни рӯйдодҳои санаи 24-уми июли соли 2013 ба раҳпаймоии умумӣ баромаданд.
Сарфи назар аз субҳи барвақт, ба раҳпаймоӣ ҳудуди 300 нафар ҳозир шуда, маросими ёдбуд аз қурбониёни он рӯйдодҳои фоҷеанокро мегузаронанд. Айни замон раҳпаймоӣ идома дорад.
Дар синаҳои иштирокчиёни раҳпаймоӣ лентаҳои сиёҳ баста шудааст, ки рамзи ғуссаву андӯҳ аз қурбониён аст. Иштирокчиён ба макони фоҷеа – мавзеи УПД ва Хлебзаводи шаҳр гулҳо оварда, шамъҳо фурӯзон карданд. Ибодату дуохонии оммавӣ дар Бархоруғ идома ёфт.
Дар ҳамин ҳол, корбарони фаъоли «Фейсбук» расо соати 22:00 бо дақиқаи сукут аз қурбониёни он ёдоварӣ карданро пешниҳод мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки соати 4-и субҳи 24-уми июли соли гузашта дар шаҳри Хоруғ амалиёти махсуси нерӯҳои ҳукуматӣ оид ба боздошти афроди гумонбар ба қатли генерал Абдулло Назаров оғоз гардид. Амалиёт ба задухӯрдҳои хунини давомдор мубаддал гардид. Тибқи маълумоти расмӣ, дар ин амалиёт 17 нафар сарбозону афсарони нерӯҳои ҳукуматӣ ҳалок гардида, 30 тан аз ҷангиён кушта ва ҳамчунин як нафар аз аҳолии осоиштаи шаҳр қурбон шуд. Дар ҳамин ҳол, бино ба фарзияи сокинони маҳаллӣ, шумори ҳалокшудагон миёни аҳолии осоишта даҳҳо нафар аст.



