Боз 110 нафар сокинони Хуҷанд соҳиби қитъаи замин шуданд

Дар махаллаи чаҳоруми маркази маъмурии вилояти Суғд бо иштироки раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов эҳтиёҷмандон тариқи қуръапартоӣ ҷойи манзили худро муайян намуданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҳукумати шаҳри Хуҷанд, дар баробари табрикоти сокинон бо манзили нав, кулли иштирокдорони ин чорабиниро раиси шаҳри Хуҷанд бо фарорасии Иди Фитр табрик намуд. Ба иттилои манбаъ, мувофиқи нақшаи […]

ASIA-Plus


Дар махаллаи чаҳоруми маркази маъмурии вилояти Суғд бо иштироки раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов эҳтиёҷмандон тариқи қуръапартоӣ ҷойи манзили худро муайян намуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҳукумати шаҳри Хуҷанд, дар баробари табрикоти сокинон бо манзили нав, кулли иштирокдорони ин чорабиниро раиси шаҳри Хуҷанд бо фарорасии Иди Фитр табрик намуд.

Ба иттилои манбаъ, мувофиқи нақшаи генералӣ дар маҳалли мазкур бунёди биноҳои бисёрошёна, мактаб, муассисаҳои тиббӣ, ду боғчаи кӯдакона ва бунёди кӯчаҳои зебои замонавӣ пешбинӣ шудааст. Дар баробари қомат рост кардани хонаҳои истиқоматӣ дигар иншоотҳои  зарурӣ сохта хоҳанд шуд.

Бояд зикр намуд, ки аз 3500 нафар дар навбати манзил будагон то имрӯз 1500 нафар  сокинони шаҳри Хуҷанд бо қитъаҳои наздиҳавлигӣ таъмин гаштанд.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.