Интиқоли ҳафт муҳоҷири тоҷик ба қабулгоҳи махсуси пулиси Маскав

Ҳафт нафар шаҳрвандони тоҷикро аз лагери муваққатӣ ба қабулгоҳи махсуси пулиси шаҳри Маскав гузарониданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафоратхонаи ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, шоми рӯзи якшанбе аз даҳ нафар муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷик, ки дар лагери муваққатии ноҳияи Голяновои Маскав қарор доштанд, ҳафт нафарашон ба Маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати корҳои […]

Пайрав Чоршанбиев


Ҳафт нафар шаҳрвандони тоҷикро аз лагери муваққатӣ ба қабулгоҳи махсуси пулиси шаҳри Маскав гузарониданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафоратхонаи ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, шоми рӯзи якшанбе аз даҳ нафар муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷик, ки дар лагери муваққатии ноҳияи Голяновои Маскав қарор доштанд, ҳафт нафарашон ба Маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав фиристода шуданд.

То интиқоли онҳо Эгамзод аз лагери муваққатӣ барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ боздид кардааст.

«Бо шаҳрвандони Тоҷиистон мулоқот ороста, шароити будубоши минбаъдаи онҳо ва вақти тахминии ба хона фиристоданашонро шарҳ додем. Тибқи қонун  Хадамоти федералии муҳоҷират танҳо пас аз 10 рӯзи содир шудани қарори суд ба масъалаи муҳоҷирон машғул шуда метавонад. Дар ин муддат имкони аз болои қарор шикоят бурдан пешбинӣ шудааст. Шаҳрвандони мо эътироф мекунанд, ки ба қонуншикании кишвари будубош роҳ додаанд, вале баъзеашон умед доранд, ки онҳоро ҷаримабандӣ карда, ба идомаи корашон иҷозат медиҳанд», – гуфт намояндаи сафорат.

М.Эгамзод зикр кард, ки ҳеҷ кадоме аз муҳоҷирони тоҷики боздоштшуда аз вазъи солимиашон шикоят надоранд. «Хоҳиши ягонаи онҳо ҳарчи зудтар ба хона баргаштан аст. Аз номи сафорат ба ҳар кадоме воситаҳои гигенаи шахсӣ, пойафзоли сабук ва маҳсулоти ғизойӣ дода шуд. Дарҳол баъди бозгашт аз лагери муваққатӣ мо бо сардори Хадамоти консулгарӣ Садбарг Ғаниева вазъро баррасӣ намуда, ба хулоса расидем, ки рӯзи сешанбе корманди сафоратро ба Маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав сафарбар месозем, то дар ҳамон ҷо баҳри ҳарчи зудтар ба ватан фиристодани шаҳрвандонамон мусоидат намояд», – иброз дошт ӯ.

Эгамзод ҳамчунин изҳор кард, ки дар лагери муваққатӣ барои муҳоҷирони Голяново то ҳанӯз ҳудуди 300 нафар муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз кишварҳои гуногун боқӣ мондаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.