Кафолати ислоҳоти конститутсионӣ аз ҷониби мухолифин дар сурати ғалаба

Рӯзи шанбеи гузашта Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ барои интихоботи демократӣ дар Тоҷикистон ҷаласаи сеюми худро доир кард. Дар он Консепсияи пешазинтихоботии Иттиҳод баррасӣ шуда, таҳиягарони он изҳор доштанд, ки баргузор кардани ислоҳоти конститутсионӣ дар зарфи 4 солро кафолат медиҳанд. Дар Консепсия зикр мегардад, ки он барои «гузариш аз сохти авторитарӣ ба воқеан демократӣ» таҳия гардида, амалисозии […]

ASIA-Plus


Рӯзи шанбеи гузашта Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ барои интихоботи демократӣ дар Тоҷикистон ҷаласаи сеюми худро доир кард. Дар он Консепсияи пешазинтихоботии Иттиҳод баррасӣ шуда, таҳиягарони он изҳор доштанд, ки баргузор кардани ислоҳоти конститутсионӣ дар зарфи 4 солро кафолат медиҳанд.

Дар Консепсия зикр мегардад, ки он барои «гузариш аз сохти авторитарӣ ба воқеан демократӣ» таҳия гардида, амалисозии он дар зарфи 4 соли ин давраи гузариш тарҳрезӣ шудааст.

Ҳадаф ва вазифаҳои Консепсия дар таъмини принсипҳои асосии конститутсионӣ, аз ҷумла, ҳокимияти мардум ва баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, таъмини зиндагии шоиста ва рушди озодиҳои ҳар як шаҳрванди кишвар, амали ҳокимияти давлатӣ бар асоси тақсими баробарҳуқуқи ваколатҳо миёни ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, рушди бахши тиҷорати хурду миёна ва муҳити сармоягузорӣ, ҳамчунин инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ ифода меёбанд. Ин вазифаҳо дар доираи Барномаи амал ба иҷро мерасанд.

Ду ҳафта пеш ин барнома баррасӣ ва пас аз ворид гардидани як қатор тағйиру иловаҳо, шакли наваш пешниҳод шуд. Бахши иҷтимоиву иқтисодии барнома бештар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар он дар муддати ду соли наздик ба истифода додани ду агрегати нерӯгоҳи «Роғун», сабукиҳо дар пардохти андозу боҷ, муқаррар кардани музди меҳнат мутобиқи сабади истеъмолии аҳолӣ, барқарор ва зиёд кардани имтиёз ба нафақахӯрону маъюбон ва дигар қишрҳои осебпазири ҷомеа ва ғайра дар назар аст.

Дар робита раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ изҳор дошт, ки барои ноил гардидан ба рушди саноат вақти зиёд лозим буда, ин барнома барои 4 соли наздик пешбинӣ шудааст ва аз ин рӯ, ваъдаи рушди саноат мувофиқи мақсад нест. «Масъалаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» комилан ба иродаи сиёсии мо вобаста аст», – гуфт ӯ дар робита ба идомаи сохтмони ин нерӯгоҳ.

Дар идомаи ҷаласа масоили ислоҳот дар бахшҳои кишоварзӣ, сиёсат, муносибати давлат ва дин, ҳамчунин ислоҳот дар бахши сиёсати байнулмилалӣ баррасӣ шуданд. Зимни баррасии масъалаи ислоҳоти конститутсионӣ бори дигар зикр гардид, ки номзад онҳоро бояд дар муддати 4 сол амалӣ карда, сипас ба истеъфо равад ва интихоботи нави президентиро ташкил кунад.

Дар фарҷом қарор шуд, ки бо назардошти пешниҳоди воридшуда Консепсия дубора тасҳеҳу мукаммал гардида, ҷиҳати баррасии доманадор ба шабакаи Facebook гузошта шавад. Тамоми тағйиру иловаҳо то 17-уми август қабул гардида, сипас шакли ниҳоии Консепсия тасдиқ мешавад. Пас аз ин Иттиҳод масъалаи интихоби номзади ягонаро баррасӣ карданист.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.