Р.Зойиров: Ташкили лагерҳои муваққатӣ барои муҳоҷирон мухолифи қонун аст

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот ба унвони ҳукуматдорони Русия иқдоми қонунӣ кардани лагерҳои хаймавӣ барои муҳоҷирон аз ҷониби онҳоро мухолифи қонунгузории Русия унвон кард. Дар изҳороти интишоршуда дар сомоани ҳизб Зойиров зикр мекунад, ки тибқи маълумоти аз Русия расида, барои муҳоҷирони дар Маскав боздоштшуда маконҳои будубоши нав интихоб мекунанд, аз ҷумла ҷойгир […]

ASIA-Plus


Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот ба унвони ҳукуматдорони Русия иқдоми қонунӣ кардани лагерҳои хаймавӣ барои муҳоҷирон аз ҷониби онҳоро мухолифи қонунгузории Русия унвон кард.

Дар изҳороти интишоршуда дар сомоани ҳизб Зойиров зикр мекунад, ки тибқи маълумоти аз Русия расида, барои муҳоҷирони дар Маскав боздоштшуда маконҳои будубоши нав интихоб мекунанд, аз ҷумла ҷойгир кардани онҳо дар лагерҳои холимондаи кӯдакона дар вилояти Маскав.

«Далелҳои гувоҳи онанд, ки ҳукуматдорони Маскав шумори беҳад зиёди муҳоҷирони кориро хориҷ карданианд. Боиси нигаронист, ки дар лагери Голяново шахсияти 90%-и муҳоҷирон ва мақоми ҳуқуқии ин маконро муайян карда натавониста, онро гоҳ «шаҳраки муваққатӣ» ва гоҳи дигар «нуқтаи муваққатии санҷиши ҳуҷҷатҳо» меноманд», – изҳор медорад раиси ҲСДТ.

Зоийров таъкид мекунад, ки айни замон дар лагери муваққатӣ 586 нафар, аз ҷумла 11 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд.

«Дар шаҳри Санкт-Петербург миёни муҳоҷирони кории боздоштшуда ҳанӯз аз моҳи май 44 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳузур доранд. Боиси нигаронист, ки аз 586 нафари дар лагери Голяново қарордошта танҳо 46 тан барои хориҷкунӣ омода буда, 44 нафари дигар баъди санҷиши ҳуҷҷатҳо ҷавоб дода шуданд. Ин маънои онро дорад, ки миёни боздоштшудагон қариб нисфашон метавонанд ғайриқонунӣ боздошт шуда бошанд, ки аз қонунро риоя накардани пулис дарак медиҳад», – гуфтааст Зойиров.

Ӯ мутмаин аст, ки мақоми ҳуқуқии ин лагер ё шаҳракҳои муваққатӣ мухолифи қонунгузории Русия аст. «Мавҷудияти шаҳракҳои муваққатӣ ва нуқтаҳои муваққатии санадгузории шаҳрвандон аз сӯйи ҳеҷ қонун танзим намешавад, пас ин ғайриқонунӣ мебошад. Аз ин рӯ, мафҳуми лагер барои муҳоҷирони корӣ дарвоқеъ ҳам аз фазои ҳуқуқӣ берун аст ва он бояд барҳам дода шавад», – зикр кардааст Зойиров.

Зойиров ҳамчунин бар ин назар аст, ки тибқи қонунгузории Русия, мафҳуми «муҳоҷири ғайриқонунӣ», бахусус аз нигоҳи вуруди қонунии ӯ ба Русия ва ҷорӣ набудани раводид низ баҳсбарангез аст. «Гузашта аз ин, кӣ ва чӣ гуна метавонад мақоми муҳоҷирро «ғайриқонунӣ муқаррар намояд ва бо кадом асос: суд мақомоти пулис, кормандои ХФМ? Куҷост асосҳои ҳуқуқӣ? Чораҳои маъмурӣ аз Конститутсия болотаранд? Канӣ эҳтиром гузоштан ба қонун, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон?», – баён мегардад дар изҳорот.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.