Таваҷҷуҳи БМТ ба таҷрибаи Гурҷистон дар ташкили маркази хазинадорӣ

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба таҷрибаи Бонки миллии Гурҷистон (БМГ) дар масъалаи ташкили маркази махсуси хазинадорӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМГ, як ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси БМТ Абдуҷаббор Ширинов бо имконоти нодири маркази махсуси хазинадорӣ дар назди БМГ шинос шудаанд. Президенти БМГ Георги Кадакидзе зимни вохӯрӣ изҳор намудааст, ки ҳайати […]

ASIA-Plus


Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба таҷрибаи Бонки миллии Гурҷистон (БМГ) дар масъалаи ташкили маркази махсуси хазинадорӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМГ, як ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси БМТ Абдуҷаббор Ширинов бо имконоти нодири маркази махсуси хазинадорӣ дар назди БМГ шинос шудаанд.

Президенти БМГ Георги Кадакидзе зимни вохӯрӣ изҳор намудааст, ки ҳайати Тоҷикистон бо тавсияи Бонки марказии Олмон ҷиҳати шиносоӣ бо таҷрибаи муваффақона ба Гурҷистон ташриф овардааст.

Ба иттилои манбаъ, маркази хазинадории назди БМГ моҳи июли соли 2012 кушода шуда, дар қаламрави ИДМ ягона аст ва бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз буда, комилан ба меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ аст.

«Ҳайати Тоҷикистон бо ислоҳоти тайи чанд соли ахир суратгирифта аз наздик ошно гардид. Бо тавсияи Бонки марказии Олмон онҳо Гурҷистонро барои таҷрибаандӯзӣ интихоб намуданд ва ин бори дигар гувоҳи он аст, ки мо дар ин самт ба комёбиҳои назаррас ноил шудаем», – гуфтааст Кадагидзе.

Ширинов дар навбати худ изҳор намудааст, ки ислоҳоти аз ҷониби БМГ суратгирифта ҷолиб ва сазовори ибрат мебошанд.

«Ин ислоҳот ба рушди иқтисоди кишвар ва мушаххасан бахши бонкӣ мусоидат намуда, яке аз омилҳои дар маркази таваҷчуҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва собиқ давлатҳои шӯравӣ қарор гирифтни Гурҷистон аст», – гуфтааст раиси БМТ.

Гуфта мешавад, коршиноси Бундесбанк Андреас Дикман ва директори минтақавии ширкати «Гизеке и Девриент» Дитмар Рейчел ҳайати Тоҷикистонро дар Гурҷистон ҳамроҳӣ намудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.