Дархости З.Саидов алҳол то ба Омбудсмен нарасидааст

Дархости соҳибкор Зайд Саидов, ки санаи 6-уми август ба унвони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон (Омбудсмен) Зариф Ализода фиристода шуда буд, то имрӯз ба ӯ нарасидааст. Котиби матбуотии Омбудсмени Тоҷикистон Азиз Солиев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки чун дархост ворид гардад, он мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯйи он […]

Аваз Юлдошев


Дархости соҳибкор Зайд Саидов, ки санаи 6-уми август ба унвони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон (Омбудсмен) Зариф Ализода фиристода шуда буд, то имрӯз ба ӯ нарасидааст.

Котиби матбуотии Омбудсмени Тоҷикистон Азиз Солиев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки чун дархост ворид гардад, он мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯйи он қарори дахлдор қабул хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки вакили дифои соҳибкор Исҳоқ Табаров иттилоъ дода буд, ки 6-уми август Саидов тавассути маъмурияти боздоштгоҳ ба Ализода

дархост оид ба вохӯрӣ

ирсол кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, З. Саидов аз ваколатдор хоҳиш дорад, ки дар вохӯрии бемаҳдудияташ бо вакилони мудофеъ бидуни иштироки нафаре мусоидат кунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.