Аксияи хайриявии «Роҳ ба сӯи мактаб»-и ҲХДТ

Аз 12-уми август то 1-уми сентябр Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аксияи хайриявии умумиҷумҳуриявии «Роҳ ба сӯи мактаб»-ро баргузор мекунад. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҳизб, дар доираи аксияи мазкур аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ бо ҷалби аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ фарзандони оилаҳои камбизоат, ятимон, бепарасторон ва махсусан кӯдакони дорои маълулият бо либос ва […]

ASIA-Plus


Аз 12-уми август то 1-уми сентябр Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аксияи хайриявии умумиҷумҳуриявии «Роҳ ба сӯи мактаб»-ро баргузор мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҳизб, дар доираи аксияи мазкур аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ бо ҷалби аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ фарзандони оилаҳои камбизоат, ятимон, бепарасторон ва махсусан кӯдакони дорои маълулият бо либос ва дигар лавозимоти мактабӣ таъмин карда мешаванд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 220 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.