Васли низоми муосири Multilateration дар «Тоҷикаэронавигатсия»

Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» корҳои васли низоми Multilateration (MLAT) дар минтақаи марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистонро ба итмом мерасонад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз корхонаи мазкур хабар доданд, дар минтақаи шимоли кишвар ин технология аллакай мавриди истифода қарор дошта, барои идораи мустақилонаи парвози ҳавопаймоҳо дар фазо имкони хуб фароҳам овард, зеро то соли 2010 хизматгузории ҳаракат […]

Заррина Эргашева


Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» корҳои васли низоми Multilateration (MLAT) дар минтақаи марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистонро ба итмом мерасонад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз корхонаи мазкур хабар доданд, дар минтақаи шимоли кишвар ин технология аллакай мавриди истифода қарор дошта, барои идораи мустақилонаи парвози ҳавопаймоҳо дар фазо имкони хуб фароҳам овард, зеро то соли 2010 хизматгузории ҳаракат дар фазои вилояти Суғд аз ҷониби Ӯзбекистон анҷом дода мешуд.

Ба иттилои манбаъ, низоми мазкур аз ҷониби ширкати «Эра»-и Чехия таҳия гардида, ба корҳои васлу насби он дар Тоҷикистон низ ҳамин ширкат машғул аст.

«Васли ин низом низ ба маҷмӯи чорабиниҳои беҳбуди таъмини парвозҳо равона гардида, ин технология воситаи бештар пурсамари назорати фазо дар шароити кӯҳистон аст ва аз ин рӯ, миёни кишварҳои собиқ шӯравӣ ин низом танҳо дар Арманистну Тоҷикистон истифода мешавад», – шарҳ доданд дар корхона.

Зимнан зикр гардид, ки бо ҷорӣ шудани низоми Multilateration, аз истифодаи низоми радиолокатсионӣ дар Тоҷикистон даст накашида, онҳо муштарак амал хоҳанд кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.