Гумонбарии адвокати Коллегияи адвокатҳои «Сипар» ба қаллобӣ

Адвокати Коллегияи ҷумҳуриявии адвокатҳои «Сипар» ба қаллобӣ мутаҳҳам карда мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии зиддифасоди вилояти Суғд хабар доданд. Бино ба иттилои манбаъ, адвокат М.Р. аз шаҳрванд О.М. ҷиҳати мусоидат ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳабс гирифтани М.К. 2 ҳазор сомонӣ ва аз хоҳари ахирӣ барои мусоидат ба озод […]

Мавлуда Рафиева


Адвокати Коллегияи ҷумҳуриявии адвокатҳои «Сипар» ба қаллобӣ мутаҳҳам карда мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии зиддифасоди вилояти Суғд хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, адвокат М.Р. аз шаҳрванд О.М. ҷиҳати мусоидат ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳабс гирифтани М.К. 2 ҳазор сомонӣ ва аз хоҳари ахирӣ барои мусоидат ба озод намудани ӯ 2,5 ҳазор сомонӣ маблағ талаб кардааст.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати адвокат мутобиқ моддаи 247, қ. 2 (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, баъди тафтиш парванда ба суд ирсол шудааст.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии зиддифасоди вилояти Суғд, нимсолаи аввали соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 47 далели қаллобӣ (ҳамин давраи соли гузашта – 76 далел) ба қайд гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.