С.Аслов: Масъалаи Роғун дар чорабиниҳои конфронс оид ба об баррасӣ мешавад

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов мутмаин аст, ки масъалаи нерӯгоҳи Роғун ба сифати мисол дар чорабиниҳои гуногуни Конфронси байнулмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об (Душанбе, 20-22-юми август) мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. «Гап сари он аст, ки нерӯгоҳи Роғун моҳиятан мушкилоти начандон бузург аст. Он мушкилоти байнулмилалӣ набуда, сирф байнидавлатӣ ва яке […]

ASIA-Plus


Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов мутмаин аст, ки масъалаи нерӯгоҳи Роғун ба сифати мисол дар чорабиниҳои гуногуни Конфронси байнулмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об (Душанбе, 20-22-юми август) мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

«Гап сари он аст, ки нерӯгоҳи Роғун моҳиятан мушкилоти начандон бузург аст. Он мушкилоти байнулмилалӣ набуда, сирф байнидавлатӣ ва яке аз кишварҳои поёноб қотеъона мухолифи идомаи сохтмони он аст», – изҳор доштааст дар мусоҳиба ба Радиои СММ С.Аслов.

«Мо даҳҳо мисолҳоро медонем, ки дар кишварҳои болооб иншооти гидротехникӣ бунёд шуда, аз ҷониби кишварҳои ҳавза ё минтақа муштаракан истифода мешаванд. Ҳукумати мо ҳамеша кушоду шафооф кишварҳои дигари минтақаро ба истифодаи муштараки чунин иншоот даъват кардааст», – афзудааст намояндаи Тоҷикистон дар СММ.

Қобили зикр аст, ки дар конфронси байнулмилалии Душанбе аз иштироки беш аз ҳазор нафар аз 100 кишвари узви СММ интизорӣ меравад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.