Ҷорӣ сохтани меъёрҳои «Евро» ба сӯзишвории воридотӣ ҳанӯз барвақт аст

spot_imgspot_img

Дата:


Ояндаи наздик дар Тоҷикистон барои маводи сӯзишвории воридотӣ меъёрҳои сифати «Евро» ҷорӣ карда намешаванд.

Сардори яке аз шуъбаҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон Шамс Назаров ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар марҳилаи кунунии рушди иқтисоди кишвар ҷорӣ сохтани маҳдудият дар воридоти сӯзишворӣ аз рӯи сифат ва муқаррар кардани чорчӯбаҳои муайян ба он, метавонад ба тамоми бозори сӯзишвории ҷумҳурӣ таъсири манфӣ расонад.

Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид дошт, ки гузариш ба меъёри сӯзишвории дараҷаҳои олии экологӣ дар Тоҷикистон дар баробари гузаштани кишварҳои асосии содиркунандаи маҳсулоти нафтӣ сурат хоҳад гирифт, зеро имрӯз Тоҷикистон 95% ба воридоти сӯзишворӣ вобаста аст.

«Воридкунандаи асосии маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон Русия аст. Соли равон ин кишвар тадриҷан аз истифодаи меъёри сӯзишвории Евро-3 ба Евро-4 мегузарад ва мутаносибан тамоми ҳаҷми сӯзишвории боқимондаи меъёри пешина ба дигар кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон низ фиристода хоҳад шуд ва истифодаи сӯзишвории меъёри пасти экологӣ дар кишвари мо манъ нест», – шарҳ дод ӯ.

Назаров изҳор кард, ки феълан сифати маводи сӯзишвории ба Тоҷикистон воридшуда комилан ба воридкунандагони он ва сертификатҳое вобаста аст, ки онҳо аз корхонаҳои коркарди нафти кишварҳои содиркунанда мегиранд.

«Албатта, ба кишварҳои иқтисодашон дар ҳоли гузариш қарордошта лозим меояд, ки баъзе ҷиҳатҳои экологиро сарфи назар кунанд, вале бо узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат, кишвари мо ҳам бояд тадриҷан дар тамоми самтҳо меъёрҳои байнулмилалиро қабул намояд, аз ҷумла оид ба ҳифзи муҳити зист, ки мутобиқат ба талабот дар истифодаи сӯзишвориро дар назар дорад. Ин бояд марҳила ба марҳила сурат гирифта, шояд 20-30 сол барои он зарур бошад», – гуфт ӯ.

Имрӯз дар Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси сӯзишворӣ, ки бо технологияи муосир муҷаҳҳаз бошад, мавҷуд нест ва ба қавли экологҳо, ин мушкилоти асосӣ барои санҷиши сифати сӯзигшворӣ мебошад. Шояд бо ҳамин сабаб омори ҳаҷми сӯзишвории пастсифати ба кишвар воридшуда низ дастрас набошад.

Яке аз сабабҳои ифлосшавии муҳити зистро номбурда ҳамчунин ба воситаҳои нақлиёти «кӯҳнаву фарсудашуда»-и аз Аврупо воридшаванда унвон кард, ки ба ифлосшавии муҳити зист дар роҳҳои мошингарди шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ боис мегарданд.

Миёни кишварҳои ИДМ меъёри сӯзишвории Евро-4 ва Евро-5 дар Русия, Қазоқистон, Украина ва Белорус қабул гардида, гузариш ба ин меъёрҳо марҳила ба марҳила дар муддати якчанд сол амалӣ мешавад.

Нимсолаи аввали соли равон ба Тоҷикистон 183 ҳазору 194 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,3 ҳазор тонна бештар аст. Ҳиссаи Русияву Қирғизистон дар воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон 40%-иро ташкил дода, ҳаҷми боқимонда аз Қазоқистон, Туркманистон, Украина ва дигар кишварҳои ИДМ ворид карда шудаанд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...