Имлои матни забони тоҷикӣ акнун ба таври автоматӣ ислоҳ мешавад

Барномасозони тоҷик модули барномавии «Бастаи забони тоҷикӣ барои Microsoft Office» – TajSpell 1.0.  TajSpell 1.0-ро таҳия намуданд, ки барои санҷиши автоматии имлои забони тоҷикӣ ва ҷобаҷогузории аз як сатр ба сатри дигар гузаштани калимаҳо пешбинӣ шудааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори ташкилоти ҷамъиятии «Маркази рушди технологияҳои иттилоотии Зафар Усмонов» Хуршед Худоёров иттилоъ дод, барнома ба […]

ASIA-Plus


Барномасозони тоҷик модули барномавии «Бастаи забони тоҷикӣ барои Microsoft Office» – TajSpell 1.0.  TajSpell 1.0-ро таҳия намуданд, ки барои санҷиши автоматии имлои забони тоҷикӣ ва ҷобаҷогузории аз як сатр ба сатри дигар гузаштани калимаҳо пешбинӣ шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори ташкилоти ҷамъиятии «Маркази рушди технологияҳои иттилоотии Зафар Усмонов» Хуршед Худоёров иттилоъ дод, барнома ба санҷиши автоматии имлои калимаҳои забони тоҷикӣ ва ҳамчунин дуруст ба сатри дигар кӯчонидани онҳо дар матн имкон медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, барномаи TajSpell 1.0 аллакай аз Microsoft Office сертификат дастрас кардааст. «Айни замон бо насби TajSpell дар компютер ва интихоби забони тоҷикӣ дар матн метавон аз ин барнома истифода кард. Феълан бо ширкати Microsoft Office гуфтушунид дорем, то ки онҳо минбаъд ҳангоми пешниҳоди барномаҳои навшудаи Microsoft ба рӯйхат забони тоҷикиро ҳам шомил намоянд», – зикр кард Худоёров.

Модули имло (орфографӣ) ба корбарон имкон фароҳам месозад, ки дар замони воқеъӣ, яъне зимни чидани матн имлоро бисанҷанд. Зери калимаҳои дорои хатои имлоӣ хати сурхи мавҷдор пайдо мешавад. Тавассути тугмачаи рости мушак ва интихоби шакли дурусти навишти калима ё ворид намудани калима ба луғат он ислоҳ карда мешавад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.