Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс   – Дар мавзӯи «Аз байн бурдани бемории табларза» конфронс доир мегардад. Оғоз соати 09:00 дар толори конфронси меҳмонхонаи «Тоҷикистон»; – Аксияи хайриявии умумиҷумҳуриявии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Роҳ ба сӯи мактаб» идома меёбад, ки дар доираи он ба кӯдакон аз қишрҳои осебпазири аҳолӣ ҷиҳати омодагӣ ба мактаб кӯмаку мусоидат мешавад; – […]

ASIA-Plus



Анонс


 

– Дар мавзӯи «Аз байн бурдани бемории табларза» конфронс доир мегардад. Оғоз соати 09:00 дар толори конфронси меҳмонхонаи «Тоҷикистон»;

– Аксияи хайриявии умумиҷумҳуриявии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Роҳ ба сӯи мактаб» идома меёбад, ки дар доираи он ба кӯдакон аз қишрҳои осебпазири аҳолӣ ҷиҳати омодагӣ ба мактаб кӯмаку мусоидат мешавад;

– Ба муносибати ба тарбиятгирандагони хона-интернати кӯдаконаи №1-и шаҳри Душанбе супурдани техникаву таҷҳизоти маишӣ конфронси матбуотии TajСет, намояндагии Samsung ва ТҶ «Пешрафт» барпо мешавад. Оғоз соати 09:00 дар хонаи интернати мазкур (назди бозори мошинҳо).



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.7675

сомонӣ;


1

евро

– 6.3186

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1486

сомонӣ.



Як рӯзи таърих


1937

– Ташкили Хонаи ҷумҳуриявии эҷодиёти халқи Тоҷикистон.


1937

– Шӯрои комисарони халқ ва КМ ҲК (б) Тоҷикистон дар бораи ташкил кардани Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ қарор қабул карданд.


1899-1966

– Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Бобоқул Файзуллоев.


1932

– Мавлуди оҳангсоз Ҷӯрабой Охунов.


1943

– Зодрӯзи нависанда Абдуғаффори Партав.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, баъзан чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +25+30.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +28+33, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +20+25.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +27+32, дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +24+29.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои


тағйирёбанда, баъзан боришот, раъду барқ.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +15+20, рӯзона +26+31;  дар шарқи вилоят шабона +2+7, рӯзона +13+18.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ. 

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +28+30.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +30+32.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, каме чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +31+33.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, каме чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +31+33.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, боришот, раъду барқ.  

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +30+32.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.