Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Норак

Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва кишоварзӣ, иштирок дар ифтитоҳи чанд иншооти муҳими нав ва ҳамчунин оғози сохтмони иншооти дигари оянда ба шаҳри Норак сафар кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, айи боздид аз шаҳри Норак бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастгоҳи […]

ASIA-Plus


Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва кишоварзӣ, иштирок дар ифтитоҳи чанд иншооти муҳими нав ва ҳамчунин оғози сохтмони иншооти дигари оянда ба шаҳри Норак сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, айи боздид аз шаҳри Норак бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастгоҳи нави барқтақсимкунии элегазии 220 киловолтаи нерӯгоҳи Норак ва як зумра иншооти муҳими дигар ифтитоҳ ёфта, сохтмони чанд иншооти оянда оғоз меёбад. Ҳамчунин бо фаъолони шаҳр ва мардуми касбу кори гуногун мулоқоту суҳбатҳои судбахш доир хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, боздиди кории сарвари давлат бо ифтитоҳи бинои сеошёнаи истиқоматӣ бо маркази савдо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Норак оғоз ёфт. Ин бино бо харҷи 1,4 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфта, дар ошёнаи якумаш маркази савдо ва нуқтаҳои дигари хизматрасонӣ ҷойгир шудааст. Соҳибкори бунёдгузори ин бино Абдураҳим Назаров азм дорад, ки ин қисмати биноро ба соҳибкорони хурду миёна дар давоми як соли аввал ба таври ройгон ба иҷора диҳад, то ки онҳо оғози кори худро бе мушкилӣ ба роҳ монанд. Дар ҳамин қисмати бино зиёда аз 20 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми бино 8 хонаи 3 ва 4 ҳуҷрагии истиқоматӣ омода аст, ки бе ороиши дохилӣ мутаносибан бо нархи 25 ҳазор ва 30 ҳазор доллари амрикоӣ ба фурӯш гузошта мешаванд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.