Гуфтушуниди сарони кишварҳои Тоҷикистону Чин дар Бишкек

Зимни нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки расо пас аз як моҳ, 13-уми сентябр дар пойтахти Қирғизистон доир мегардад, дидору гуфтушуниди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин ба нақша гирифта шудааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, вохӯрӣ бо ташаббуси ҷониби Чин […]

Аваз Юлдошев


Зимни нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки расо пас аз як моҳ, 13-уми сентябр дар пойтахти Қирғизистон доир мегардад, дидору гуфтушуниди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин ба нақша гирифта шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, вохӯрӣ бо ташаббуси ҷониби Чин барпо шуда, дар он сарони кишварҳо дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, илму фарҳанг ва мудофиаро баррасӣ мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин ҳамчунин атрофи рӯйдодҳои ҷаҳон ва минтақа ва ҳамчунин дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар хоҳанд кард.

Қобили зикр аст, ки зимни гуфтушуниди сарони кишварҳои Тоҷикистону Чин дар Пекин, ки даҳаи дуюми моҳи майи соли равон доир гардид, ҷонибҳо аз рушди устувори ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда буданд. Таъкид гардида буд, ки ҳанӯз соли 2011 ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни ду кишвар аз 2 миллиард доллари амрикоӣ гузашта буд. Тавре зикр гардид, Чин ба сегонаи бузургтарин шарикони тиҷоратии Тоҷикистон ворид шуда, ҳиссаи он дар сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар баробар ба 40% аст.

Ҳамчунин ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ, технологияҳои иттилоотӣ, илму техника, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷаҳонгардӣ ва ғайра изҳори ҳавасмандӣ карда шуда буд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.