Изҳороти Зарифӣ дар бораи саҳифаи сохта дар Facebook ба номи ӯ

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ изҳор медорад, ки дар шабакаи иҷтимоии Facebook ба номи ӯ як саҳифаи қалбакиро боз намудаанд. Зарифӣ дар саҳифаи худ зикр кардааст, ки молики ин саҳифаи қалбакӣ тамоми маълумотро аз саҳифааш нусхабардорӣ намуда, дар бахши рӯйдодҳо ҷой кардааст. «Айни замон аз саҳифаи қалбакӣ ба дархостҳои «пазируфтан ба дӯстӣ» кор гирифта […]

ASIA-Plus


Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ изҳор медорад, ки дар шабакаи иҷтимоии Facebook ба номи ӯ як саҳифаи қалбакиро боз намудаанд.

Зарифӣ дар саҳифаи худ зикр кардааст, ки молики ин саҳифаи қалбакӣ тамоми маълумотро аз саҳифааш нусхабардорӣ намуда, дар бахши рӯйдодҳо ҷой кардааст. «Айни замон аз саҳифаи қалбакӣ ба дархостҳои «пазируфтан ба дӯстӣ» кор гирифта мешавад. Аз ин рӯ, ба маълумоти тамоми корбарони шабака мерасонам, ки саҳифаи тозабозшудаи Ҳамрохон Зарифӣ қалбакӣ аст», – мегӯяд Ҳ.Зарифӣ.

Қобили зикр аст, ки таъсиси саҳифаҳои қалбакӣ ба номи сиёсатмадорону шахсиятҳои маъруф дар Тоҷикистон роиҷ аст. Ба гунаи мисол, имрӯз дар шабакаи Facebook «саҳифаҳои» сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров, рӯҳонии маъруф Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва ҳамчунин боз як зумра ходимони дин, аз ҷумла раиси Шӯрои уламои ҷумҳуриро метавон дарёфт намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.