Мақоми панҷуми Дилшод Назаров дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон

Дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки дар шаҳри Маскав ҷараён дорад, варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар сабқати гурзпартоӣ мақоми панҷумро касб кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии мусобиқот, дар қувваозмоии даври ниҳоӣ миёни 12 варзишгар Дилшод Назаров бо натиҷаи 78 метру 31 сантиметр зинаи 5-умро ишғол намуд. Натиҷаи давраи интихобии ӯ […]

ASIA-Plus


Дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки дар шаҳри Маскав ҷараён дорад, варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар сабқати гурзпартоӣ мақоми панҷумро касб кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии мусобиқот, дар қувваозмоии даври ниҳоӣ миёни 12 варзишгар Дилшод Назаров бо натиҷаи 78 метру 31 сантиметр зинаи 5-умро ишғол намуд. Натиҷаи давраи интихобии ӯ ба 77 метру 93 санитметр баробар буд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар Маскав мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук оғоз гардиданд. Дар ин мусобиқот Тоҷикистонро Владислава Овчаренко (давидан ба масофаи 200 метр) ва Дилшод Назаров (гурзандозӣ) намояндагӣ карданд. Овчаренко ҳанӯз дар давраи интихобӣ ба шикаст мувоҷеҳ гардида буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.