Бозгашти вакилони парлумон аз таътили тобистона

Ахири ҳафтаи равон вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз таътили тобистона баргашта, дар кумитаву комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ба фаъолият шурӯъ мекунанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумон хабар дод, ҷумъаи оянда, 16-уми август ҷаласаи Шӯрои МНМО ҶТ таҳти раёсати раиси палата Шукурҷон Зуҳуров дар назар аст. «Дар ҷаласаи […]

Аваз Юлдошев


Ахири ҳафтаи равон вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз таътили тобистона баргашта, дар кумитаву комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ба фаъолият шурӯъ мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумон хабар дод, ҷумъаи оянда, 16-уми август ҷаласаи Шӯрои МНМО ҶТ таҳти раёсати раиси палата Шукурҷон Зуҳуров дар назар аст.

«Дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаҳои қонунҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумат ва дигар субъектҳои қонунофар баррасӣ шуда, барои баррасӣ ба кумитаву комиссияҳои дахлдор фиристода мешаванд», – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, то 1-уми сентябр вакилони мардумӣ дар кумитаву комиссияҳо фаъолият намуда, бо интихобкунандагони худ вохӯриҳо мегузаронанд ва 1-уми октябр дар Душанбе ҷаласаи аввали иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум ба кор шурӯъ мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.